ХОИНИ САФСАТАФУРӮШ

Нисбати баромадҳои Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф, яке аз ҳаммаслаки ТТЭ ҲНИ- ПМ хулосабарорӣ карда қайд мекунем, ки ҳанӯз ҳам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои ифротӣ намуда, худро донову донандани дини мубини Ислом нишон дода, бо ин васила дар назди пуштибонон ва сарпарастонашон ба қавле худро «сафед» кунанд .
Мо фаромӯш накардаем, ки дар қисми 7-уми филми мустанади Хиёнат бо номи Бешарафӣ ва умуман рафтору гуфтори бадхохоҳи миллат- Муҳаммадиқболи Садриддин, ки бо волидайнаш муносибати одамӣ надошт. Такя ба суханони шоҳидон метавон қайд кард, ки Муҳаммадиқбол раҳгумзадаи бешарафи сафсатафурӯш аст, ки ҳатто падараш аз ӯ розӣ набуд. Аз рӯи далелҳои мавҷуда ва ахбори сомонаҳои иҷтимоӣ падари Муҳаммадиқбол – Қаландар Садриддинзода, ки яке аз поягузорони Ҳизби наҳзати ислом буд ва ячейкаи онро дар вилояти Хатлон роҳбарӣ мекард ва моҳи марти соли 2019, дар Полша аз дунё гузашт. Бояд ёдовар шуд, ки он вақт Муҳаммадиқбол дар Олмон бо визаи “шенгенӣ“ зиндагӣ мекард ва ҳуқуқи роҳат ба тамоми кишварҳои Аврупо сафар карданро дошт ва бо сабабҳои ба ҳамагон маълум ба ҷанозаи падараш наомад. Аммо имрӯз ин афрод шарме надошта, худро мусалмони рақами як метарошад ва гӯё худро ҳомиву пуштибони дини мубини Ислом ва озодандешу мубориз мешуморад. Хулоса аз рафтору кирдори сафсатафурӯш Муҳаммадиқболи Садриддин кас пай мебарад, ки ӯ имрӯз низ ҳирсу худхоҳӣ ва табиату тинати ба ба ғайбату тӯҳмат одат кардааст, оромаш нагузоштасту боз ҳам мисли солҳои қаблӣ бо роҳнамоии хоҷагони худ иҷрои супориши онҳо кӯшиш дорад.
Сафсатафурӯши наҳзатӣ имрӯз дур аз кишвар бехабар аст, ки мардуми мушкилнописанди Тоҷикистон шукронаи ин кишвари ободу шукуфо мекунанд. Шукрона мекунем, ки мо ҳаёти осоишта дорем. Бо ҷонбозиҳои шабонарӯзӣ ва амалҳои хирадмандонаи Сарвари давлатамон Тоҷикистон ба як мулки обод, тинҷу ором, иқтисодиёташ пешрафта мубаддал гаштааст. Бинобар ин мо ҷавонон ба қадри сулҳу субот ва амнияту осудагии кишвар расида, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҳама сарҷамъу паҳлӯи ҳамдигар истода, намегузорем бадхоҳони миллат байни мо тафриқа ангезанд ва ҳамаи он мақсаду ниятҳои нопокашонро, ки дар ботин мепарваранд, барҳам зада, онҳоро қотеона маҳкум менамоем.

М.АХМЕДОВ,
сармуаллими каедраи математекаи олӣ
ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *