ЧЕҲРАИ МАНФУРИ МУҲАММАДИҚБОЛИ СУХАНБОЗ МАЪЛУМ АСТ!

Имрӯзҳо яке аз ҳаммаслаки ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф ва думравонаш бо навбат дар барномаҳои “Минбари муҳоҷир“, Ҳақ ва ботил” ва дигар минбарҳо, барои роҳандозӣ кардани нақшаҳои навбатии палидонаи худ, дини мубини Исломро барои худ сипар нишон дода, ғояҳои ифротӣ паҳн менамояд. Мо борҳо вобаста ба фаъолияти ифротии М.Садриддин бо санаду далели амиқ мисолҳои зиёде рӯи қоғаз овардааем. Боз иловатан қайд менамоем, ки воқеан М.Садриддини бешараф ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаасту аз бешарафиву бадсириштӣ бар миллати худ хиёнат мекунанд ва ба ғайр аз ин амал дигар коре надорад. Ин афрод ботинан виҷдону имон ба шайтон фурӯхтаасту бешармӣ, беҳаёӣ, ҳамҷинсгароӣ, палидӣ, манфурӣ, муғризӣ ва дигар сифатҳои аҳриманиро соҳиб шудастд. Боз шарм надошта аз минбарҳо беасос садо баланд мекунад. Бояд қайд кард, ки ҳар кас фикру ақидаи шахсии худро дорад, на дар минбару шабакаҳои иҷтимоӣ бо забони давлати аз номи кишвар сухан гӯяд. Муҳаммадиқболи бешараф ҳуқуқи сухан гуфтанро надорад! Ёдовар мешавем,ки ягон миллати ҷомеаи имрӯза мисли Муҳаммадиқбол нисбат ба миллату давлат сухани қабеҳ гуфтанаш ба назар намерасад.
Хулоса ҳадафи иғвоангезонаи Муҳмадиқболи Садриддин ба ҳамагон маълум аст, ки он асосан байни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури Муҳаммадиқболи суханбози мунофиқ барои дур нигоҳ доштани аҳлу аёли хеш, бахусус ҷавононро аз ин афрод кӯшиш ба харҷ дода, барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Баробари ин баромадҳои ифротии Муҳамадиқболи Садриддинро инкор ва шадидан маҳкум намуда, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меорем, ки барои решакан намудани ғояҳои ифротгароии хоинони миллат муборизаи беамон бояд бурд!

Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *