ХОБУ ХАЁЛ ВА ИҒВОҲОИ М. САДРИДДИНРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

 

Рӯзҳои охир хоини миллати тоҷик Муҳаммадиқболи Садриддин бо як гурӯҳ гумроҳони дигар, дар сомонаҳои иҷтимоӣ видеороликҳои пуч ва суҳбатҳои бемазмунро паҳн карда истодаанд, ки аз ватанфурушу хоин будани онҳо гувоҳи медиҳад. Ин палидаки наҳзатӣ дар оғози навиштааш масъалаи ба муддати тӯлонӣ фаъолият доштани Раҳбари кишварамонро дар миён меорад ва аз арзёбиҳои кадом як созмони хориҷие дар хусуси мавқеи номуносиб доштани Тоҷикистон дар руйхати онҳо ҳарф мезанад. Аммо ба гуши кари М. Садриддин бори дигар мерасонем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми кишвар интихоб кардааст ва ин ҳуқуқро танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон доранд. Барои мардуми тоҷик муҳим нест, ки кадом созмони шубҳаноке Тоҷикистонро дар кадом мавқеъ ҷой додааст. Муҳим он аст, ки мардуми кишвар Сарвари худро дуруст интихоб кардааст. Сарвареро, ки барои Тоҷикистон сулҳу оромӣ овардааст, миллатро сарҷамъ кардааст ва Ватанро обод мекунад. Тоҷикистонро бо роҳи демократия пеш мебарад.

Мағзи пучи М.Садриддин дарк намекунад, ки ин воқеиятро, яъне Президенти як кишвари озоду демократӣ будани Пешвои миллати тоҷикро аврупоиҳо дарк кардаанд. Онҳо хуб медонанд, ки Сарвари давлати мо танҳо дар фикри ободию пешрафти Тоҷикистон ҳастанд. Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ имрӯз эътироф кардаанд, ки Сарвари Тоҷикистон ба ин кишвар сулҳу ваҳдат овардааст ва бо тариқи демократӣ раҳбарӣ мекунад. Барои ҳамин даъват кардаанд ва бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Дигар М. Садриддин ё дигар наҳзатиҳо чи мегуянд, ягон арзише надорад, зеро гуфтаи онҳо ҳарфи террористон аст. Аврупоиҳо бошанд, аз терроризм безоранд. Онҳо бо Ҳукумати қонунӣ ва прогрессивӣ кор мекунанд.

 Муаллими калон

Ҳалимов И.М

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *