Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои муаззами миллатамон тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.
Ба хотири гиромидошти Рӯзи Президент дар ДИС ДДТТ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Муовини директорои ДИС ДДТТ номзади илмҳои иқтисод, дотсент А.Қаюмов устодону донишҷӯёнро ба ин санаи фархунда табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари баамаломада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ ӯро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонида, билохира дар лаҳзаи тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардид ва бо ҳамин тақдирашро як умр ба тақдири халқу ватани хеш пайваст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳама шукр гӯем, ки дар рӯзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба халқи мо марду сарвареро насиб гардонид, ки хизмати Ватанро барояш арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат халқу оламро огаҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омода аст ҷонашро нисор кунад.
Имрӯз баҳои баландтарин ба фарзанди фарзонаи миллатамон сазовор шудан ба боварии халқ, маъво гирифтан ба дили вай аст, ки хушбахтона ин ба Пешвои маҳбубамон ба пуррагӣ насиб гаштааст. Маҳз бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузургаш дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дода шудааст. Аз ин лиҳоз, барои мо ҳаёту хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ, намунаи беҳтарини хизмат ба Ватан ва ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад.
Баъдан маърӯзаи доктори илми фалсафа, профессор Расулҷон Солиҷонов дар мавзӯи “Шахсияте, ки маҷрои ҳаёти сиёсию ҳуқуқии ҷомеаро дигаргун кард” шунида шуд. Ассисенти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ Шаҳзод Маҳмудов оид ба мавзӯи “Таъсиси мансаби Президент ва таҷлили Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Ҳамчунин донишҷӯи курси дуюми ихтисоси молия ва қарз Аҳмадзода Ганҷмеҳр зимни суханронии худ перомуни ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқату вафодорӣ ба Президент, Ватани маҳбуб, миллати тоҷик, омили муҳими иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии мардуми кишвар андешаронӣ намуд.
Дар ин рӯз ҳамчунин озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони ““Осори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мактаби раҳнамо” ҷамъбаст гардид. Ғолибони озмун бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Асроров Ӯлмас, донишҷӯи курси 4, ихтисоси 960101-фаъолияти гумрукӣ бо маблағи 300 (сесад) сомонӣ ва Дипломи дараҷаи 1 сазовор гардид.
Барои ишғоли ҷои 2 Ҷобиров Алишер, донишҷӯи курси 1, ихтисоси 250103 – Иқтисодиёти ҷаҳон бо маблағи 200 (дусад) сомонӣ ва Дипломи дараҷаи 2 ва барои ишғоли ҷои 3, Рӯзиматов Абдуманоф, донишҷӯи курси 2, ихтисоси 25010402 – Фаъолияти бонкӣ бо маблағи 100 (сад) сомонӣ ва Дипломи дараҷаи 3 қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин бо Ифтихорномаи озмун Умарова Наргиза, донишҷӯи курси 3, ихтисоси 240103 – ҳуқуқи иқтисодӣ, Мунавваров Сайфиддин, донишҷӯи курси 2, ихтисоси 24010307 – таъминоти ҳуқуқии фаъолияти молия ва қарз ва Шеронова Нозима, донишҷӯи курси 1, ихтисоси 25010407 – молия ва қарз сарфароз гардонида шуданд.
Барномаи адабию фарҳангии донишҷӯён дар тантанаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардонд.