ХАВФУ ХАТАРҲОИ НОМАТЛУБИ ҶАҲОНИ МУОСИР

Мо тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳ ҳастем, ки имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.Кишварҳои абарқудрати ғарб, ки ба ҳамагон он маълум аст, барои ба даст овардани манфиатҳои геополитикии худ аз ягон амали ғайриқонунӣ даст намекашанд. Бо баҳонаҳои зиёд ба кишварҳои Ироқ, Сурия, Ливия, Афғонистон ва ғайра қӯшун дароварда, садҳо ҳазор одамони бегуноҳро нобуд карда, барои боигарии табии онҳоро соҳибӣ намудан кӯшиш доранд. Вобаста ба ин бояд қайд кард,ки имрӯз дар Афғонистон ҳаракати «Толибон» дар Афғонистон ҳокимиятро ба даст оварда, мувофиқи талаботҳои худ мамлакати бе он ҳам хароб гаштаро кунун аз ҷиҳати маънавию моддӣ боз ҳам рӯ ба таназзул мебаранд.Тарафдорони ин гурӯҳ айни замон ҳокимияти худро дар ин мамлакат ҷорӣ намуда, ба ваъдаҳои аввалаи худ истодагарӣ надоранд. Аз ҳама бештар ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар ин кишвар поймол гардида истодааст. Инчунин дар ин кишвар имрӯз тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд ва бархе аз онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфта истодааст. Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном ДИИШ, Ал-Қоида ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Бинобар ин ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд ба вазъияти сиёсии давлатҳои зикршуда, бахусус Афғнистон бетараф бошанд. Дар робита ба ин қайд кардан ҷоиз аст, ки Сарвари кишварамон оид ба эътидол овардани вазъи Афғонистон аввалин шуда, тасмими шоистаро роҳандозӣ намуданд. Аз ҷумла, дар ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ пешниҳодҳои ҷолиби Пешвои миллат садо доданд, ки аз манфиат холӣ нестанд. Воқеан ин тасмимгириҳои Президенти кишвар боиси баланд гардидани ҳисси ватандӯстии сокинон шуда, дар баробари ин ҷиҳати баланд бардоштани омодабошии ҷангии онҳо мусоидат менамояд ва масъулияти ҷавононро дар омодагии барои ҳимояи Ватани хеш даҳчанд боло мебардорад. Онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ медоранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон хоҳанд гашт.

Р.МАНОНОВА ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *