МО ҶАВОНОНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ВАТАНИ ХУДРО ДӮСТ МЕДОРЕМ, ВАЛЕ…

Мусаллам аст, ки ҷавонон давомдиҳандаи суннатҳои олии таъриху фарҳанги қадимии миллати тоҷик буда, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Зеро, дар ҷомеаи имрӯза барои пешбурди соҳаҳои мухталифи кишвар мавқеъ ва саҳми ҷавонон хеле муҳим аст, махсусан онҳо дорои афкори тозаю нав ва қувваи пешбаранда дар ҷомеа ҳастанд. Иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли ҷавон аз тарафи Ҳукумат таъмин гардидааст.Вале, муттаассияона бархе ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Дар зеҳни онҳо, ки мисли «лавҳи сафед» тозаю покиза аст, ифроту ҳурофот пур карда мешавад. Азбаски ҷавонон сахт ҳассосанд бегумон оқибат шефтаи ақидаи бебунёд мешаванд. Бозӣ кардан бо зеҳни насли ҷавон, мутаассибон ва эҳсоси мардуми хурофот ва мушаххасоти кори хадамоти махсус маҳсуб меёбад. Омилҳое, ки ҷавонони тоҷикро тӯъмаи гурӯҳҳои ифротию тундгарои исломӣ мегардонад, ин дур будани ҷавонон аз маърифати исломӣ, суннатӣ, инчунин таблиғоти шадиди гурӯҳҳои ифротӣ тавассути васоити ахбори омма, хусусан шабакаҳои интернетист, ки ин таблиғот ба муқобили арзишҳои маънавӣ ва динии мардум нигаронида шудааст.
Зуҳуроти номатлуби бунёдгароӣ, тундгароӣ, ифротгароӣ, ва даҳшатафканӣ маҳрумиятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ реша дошта, қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ зӯроварию бадбинӣ ва хушунат тавлид мекунанд. Ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва ҷаҳолати мардумист. Ҳар қадар дар ҷомеа ҷаҳлу зулмот мусаллат бошад, ҳамон қадар беадолатӣ ва қонуншиканиҳо решадор мегарданд. Гурӯҳҳои махсусе таҳти кӯшиши хадамоти ҷосусӣ афродро дар доираи дину мазоҳиб мағзшӯӣ мекунанд ва барои анҷом додани амалиёти даҳшатафканӣ ва таҳрибкорӣ сафарбар менамоянд. Баъди гузаронидани мағзшӯии мақсаднок ва дар шуури торики онҳо ҷой кардани афсонаҳои бофтаи худ ба ҳодисаҳои номатлуб ҷавоноро роҳнамун месозанд. Масалан моҳи майи соли 2021 панҷ нафар ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ба бинои ситоди мақомоти қудратии яке аз шаҳри Русия ҳуҷум намуданд ва оқибат онҳо дастгир шуданд. Тибқи расонаҳои хабарии Федератсияи Русия дар рафти тафтишот маълум гардидааст, ки ин гурӯҳи ҷиноӣ дар асоси дастури Назаров Тоҷиддин, ки лақабаш “Абу Усамаи Норакӣ” аст, ин амали номатлубро содир намудаанд.Нияҳоят ин гумроҳшудагон аз 9 то 19 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Инчунин 3 декабри соли 2021 дар шаҳри Москва 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нисбати соҳибкорони Федератсияи Россия амали мусаллаҳона намуданд. Дар натиҷа тибқи қарори Суди шаҳри Москва ҷавонони гумроҳшуда аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Вобаста ба масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки имрӯз ҳама якҷоя бо падарону модарон, мо омӯзгорон аз дируза имрӯз бештар ҷавононро дар руҳияи ватандуститӣ, меҳанпарастӣ, муҳофизи сарҳадот шудан, инсондустӣ, хештаншиносӣ тарбия намоем, ки дигар аз дасти нохалафон ба гумроҳи даст зада, ё ба дигар ҳизбу ҳаракатҳо шомил нагарданд.
Дар фарҷоми андешаи хешро иброз медорем: Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол Ватани худро дӯст медорем ва Қонунхои амлкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром менамоем. Дар фазои он озодона нафас кашида, сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар ҳама ҳолат дастгирӣ менамоем.Тоҷикистон ба пеш!

НУРМАТОВА С.,
ассистенти кафедраи
назарияи иқтисод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *