Калонова Матлуба Ёқубовна

Калонова Матлуба Ёқубовна 18 июли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1999 гимназияи 24-и ш. Хуҷандро хатм карда ба ба факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров аз рӯи ихтисоси омӯзгори фанни забони англисӣ ва олмонӣ дохил шуда соли 2004 донишгоҳро хатм намуда, ҳамон сол фаъолияти кориашро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар факултети забонҳои хориҷӣ дар ҳайси омӯзгори забони англисӣ оѓоз кардааст. Аз соли 2015 ин ҷониб дар кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ҳамчун омӯзгори забони англисӣ кор карда истодааст. Дар ин муддат омӯзгор худро ҳамчун мутахассиси болаёқат, соҳибтаҷриба, кордон, соҳибистеъдод, ҷиддӣ, серталаб нишон дод.
Калонова М. дар ҳамаи ҷамъомадҳо ва инчунин дар семинарҳои илмӣ ва методии кафедра, конфронсҳои илмии донишкада фаъолона иштирок мекунад. Нисбати ҳамкасбон ва донишҷӯён меҳрубон буда, дар вақти лозима ба онҳо ёрии худро дареғ намедорад. Ҳамеша ёвар ва маслиҳатчии онҳо мебошад. Калонова М. таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Исломов О.А. дар мавзӯи “Особенности организации учебной экскурсии в современных условиях в общеобразовательных школах РТ” рисолаи номзадии хешро соли 2019 ҳимоя намудааст. Оиди ин мавзӯъ 12 мақола чоп шудааст, ки онҳо 8 адади онҳо дар маҷаллаҳои аз тарафи КОА тасдиқ кардашуда аст. Инчунин 2 дастури таълимӣ низ аз чоп баромадаст, ки айни ҳол барои истифода қарор дорад. Муаллимаи калони кафедраи забонҳои хориҷӣ. Оиладор соҳиби се фарзанд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *