Хатари ТТЭ ҲНИ камтар аз ДИИШ ва Алқоида нест

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз баргузории конфронси байналмилалӣ дар Донишгоҳи Истанбули Туркия гузоришҳое ба нашр расиданд, ки мавзӯи асосии он «Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ» ба ҳисоб мерафт.

Мавриди зикр аст, ки дар Конфронси мазкур раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини аввали муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак ва раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ин конфронси бонуфуз зимни суханронии пурмуҳтаво Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода оид ба пайдоиши ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл карда, зикр намуд, ки тамоми рӯҳониёни машҳури тоҷик ҳамон солҳо таъсиси ҳизби наҳзати исломиро қабул надоштанд, онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи аҳли ташайюъ дониста, фаъолияташро зараровар, ғайри қобили қабул ва муқобил ба суботу оромии мамлакат ҳисобида буданд. Сарварони ТТЭ ҲНИ ба ҳаёти сиёсии мамлакат ворид шуданд ва дар муддати кӯтоҳтарин оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхтанд, ки боиси кушта шудани даҳҳо ҳазор сокинони осоишта, гуреза шудани садҳо ҳазор аҳолии мамлакат, харобу валангор шудани шаҳру деҳоти Тоҷикистон гашт. Ҳамчунин Саидмукаррам Абдуқодирзода дар Конфронс дар идомаи суханронии худ таъкид намуд, ки дар ҳаққи чунин афрод Паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Он ки бар мо силоҳ кашад, аз мо нест ва он ки ба мо хиёнат кунад, аз мо нест!».

Дар идомаи Конфронс муовини муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак ва раиси анҷумани тоҷикон дар Туркия ба сухан баромада, вобаста ба хатари наҳзат дар ҷомеаи имрӯза изҳор назар намуданд.

Ректори донишгоҳи Истанбул таъкид намуд, ки барои ҳаводорони ташкилоти террористии наҳзат дар Туркия, бахусус Донишгоҳи Истанбул ҷой нест. Ҳамсуҳбат тазаккур дод, ки ҷиҳати пешгирии амалҳои душманони наҳзат ӯ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Туркия пешниҳод менамояд, ки бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории заруриро ба роҳ монда, дар сурати пайдо шудани тарафдорони наҳзат онҳоро аз тамоми донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ хориҷ намоянд.

Имрӯз баргузории чунин конфронсҳои байналмилалӣ дар кишварҳои гуногун ба манфиати кор мебошад ва чунин як конфронс дар кишвари Миср низ гузаронида шуда буд, ки дар он ТТЭ ҲНИ ва амалҳои терористию экстремистии он аз тарафи сиёсатмадорон ва олимону устодони донишгоҳҳои Мисру Тоҷикистон маҳкум карда шуд.

Эшонова Дилором,
н.и.ф., дотсенти  кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ                   

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *