Чанде пеш мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлоламон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни фархундаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои шоиста таҷлил намуданд. Бо шукӯҳу шаҳомати беназир ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ ва пешрафти бесобиқаи иқтисодию иҷтимоӣ маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаю талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, дар натиҷаи таъмини сулҳу оштӣ, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои халқи азияткашидаи тоҷик муяссар гардид.
Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави иқтисодиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фаслҳои сол бо неруи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем».
Воқеан, асли ҳамаи пешравию тараққиёт ва кафили зиндагии шоистаи мардум аз таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдату оромӣ вобастагии амиқ дорад. Ин ҳақиқати куллро ҳар як шаҳрванди комилу огоҳ ва бедордили мамлакат аз ҳама беҳтару хубтар мефаҳмад ва бо тамоми вуҷуди худ эҳсос мекунад.
Тамоюлҳои геопалитикии ҷаҳони имрӯза – терроризму экстремизм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Солҳои охир дар натиҷаи густариш пайдо кардани фаъолияти тахрибкоронаи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ вазъи ҷаҳон хеле ҳассосу печида гардидааст.
Мутаасифона рўзҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ оид ба вазъи Кўхистони Бадахшон навиштаҳои иғвоангез ва бардурўғу пур аз тўҳмат, ки заминаи воқеӣ надоранд ба чашм мерасанд. Дуруст аст, ки вазъи ҷиноӣ дар вилоят афзудааст ва ба тартибу низом даровардани он аз тарафи давлат ба гурўҳҳои ҷиноӣ ва панаҳбарандагони он маъқул нест. Афсус, ки чунин шароитҳои хуби кишварро баъзе аз нохалафон нодида мегиранд. Онҳо дар дарун ва берун аз мамлакат дар манотиқи гуногун бо дастгирии молиявии хоҷагони худ бо ҳар роҳ тафриқаандозӣ дар байни мардум мекунанд, бо ҳар роҳу усулҳо дар фаъолияти худ кўшиш доранд мардумро ба роҳи ғафлат ва гумроҳӣ андозанд. Мардуми сарбаланди Бадахшон худашон хеле хуб метавонанд сафедро аз сиёҳ ҷудо намоянд. Имрўз, хангоме. ки мардум дар фазои мусбии тагйирёфтаи сулҳу субот ва оромию таъмини амнияти мардум ҳаёт ба сар мебаранд, мебояд, ки ҳамагон риояи қонунҳои давлатро қатъиян риоя намоянд.
Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд. Зеро рӯйдодҳои охир нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст.
Моро лозим аст, ки бо ҳушёрии сиёсӣ ва меҳнати софдилонаи худ оромию суботи мамлакатро таҳким ва тақвият бахшем, саъю кӯшиши худро барои ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон равона намоем.