ХАТАРИ ТААССУБГАРОӢ ВА ОМЕХТА КАРДАНИ ДИНУ СИЁСАТ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИРИ ШАҲРВАНДӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ҷавон буда, таърихи бой ва таҷрибаи талху ширинро аз сар гузаронидааст. Китоби «Тоҷикон»-и устод Бобоҷон Ғафуров шоҳид аз таърихи бой ва фарҳангӣ ғанӣ доштани миллати тоҷик аст. Таҷрибаи талхи кишварамон бошад ин ба вуқӯъ омадани ҷанги шаҳрвандӣ дар ибтидои давлатдории мустақилонаи тоҷикистониён мебошад. Сабаби ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шудани давлати азизамон маҳз фанатизм, таассубгароӣ ва омехта кардани дин бо сиёсат аз ҷониби як гурӯҳ мутаассибону иғвогароён бот роҳбарии ташкилоти терористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Ягон давлати дунё бо омехта кардани дин бо сиёсат ҳеҷгоҳ ба пеш нарафтааст ва намеравад. Мамлакатҳои пешрафтаи дунё бо сабаби худро чун давлати дунявӣ эълом кардан ва аз фанатизми динӣ даст кашида, ба ҷангҳои байнидиниву байнимазҳабӣ ва таассубгароии кӯркӯрона хотима бахшидан ба рушду тараққиёти ҳамаҷониба муваффақ шуданд.  Агар ба таърихи Аврупову Осиё таваҷҷӯҳ кунем халқҳои Аврупо аз давраи Ренессанс ё худ Эҳё муборизаро бо схоластизм ва фанатизми динӣ оғоз карда, масъалаи ингароиро дар мадди аввал гузоштанд. Давраи Эҳё боис шуд, ки Аврупо дар асрҳои минбаъда бо муборизаҳои шадид рӯ ба тараққӣ ниҳода, ҷомеаро аз зулму ситами инквизаторон яъне миссионерон ва нозирони масеҳӣ озод кард. Кишварҳои Осиё бошад, аз сабаби дахолати дин ба сиёсат ва идораи давлатӣ аз рушду тараққиёт оқиб монд. Мутаассибони динӣ ягон олимро намегузоштанд, ки фикру андешаҳои хешро озодона баён кунанд. Масалан Абӯалӣ ибни Сино олими тавоно ва энсикслопедист буд, ки дар тӯли қарнҳо ягон олим бар вай баробар шуда наметавонист. Абӯалӣ ибни Сино мероси гаронбаҳои илмиро дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла тиб аз худ боқӣ гузошт, ки асарҳои вай то имрӯз муҳиммияти худро гум накардаанд. Аммо мутаассибони динӣ сабаб шуданд, ки Султон Маҳмуди Ғазнавӣ кинаву адовати худро ба Ибни Сино равона карда, хост вайро ба қатл расонад. Чунин намунаҳо дар таърихи тоҷикон хеле зиёд ҳастанд. Олимон, нависандагон ва шоирони тавоно аз дасти мутаассибони динӣ ҷон ба саломат эмин намемонданд. Мутаассибони динӣ ба бегонапарастӣ сахт дода шуда, ягон навовариро қабул намекарданд ва бо баҳонаи бидъат бар зидди пешравӣ ва тараққиёт мебаромаданд. Шахсиятҳои таассубгаро бо ҷаҳолат хеш ба беганапарастӣ бисёр майл доштанд, ки сабаби бегонапарастии як қатор муллоёну рӯҳониён ва мутаассибон боиси аз байн рафтани давлати Сомониён шуд. Агар яке аз сабабҳои шикаст хӯрдани давлати Сомониён хиёнат аз ҷониби Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бошад ва тарафи дигар хиёнати муллоҳо ва рӯҳониёни мутаассиб буд, ки ба Салҷуқиёну Хилофати араб ва Ғазнавиён зидди Сомониён мусоидат мекарданд.

Дар замони донишҷӯӣ аз фанни фалсафа сухани машҳури Карл Марксро хонда будам, ки омадааст: «Дин афюни халқ аст». Дар ҳақиқат дин василаест, ки иғвогароён бо истифода аз он одамонро аз роҳи осоишта ба роҳи бадбахтӣ мебаранд. Дин василаест, ки ҳизбҳову ҳаракатҳои экстремистиву радкалии динӣ дар замони муосир дар тамоми кишварҳои дунё мехоҳанд динро ба сиёсат омехта карда, давлату ҳукуматро бо зӯри қувваю террор ғасб кунанд. Сардорон ва мубаллиғони ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ барои ба мақсадҳои худ расидан одамони сустирода, мутаасибони дин, багонапарастро ба сафи худ даъват мекунанд. Онҳо одамони соддалавҳу сустирода ва дингароро бо фиребу найранг ва ваъдаҳои бардурӯғ ба бадбахтиву азобу машаққат фирефта мекунанд. Ба ёд меорем, ки бо фиребу найрангҳои ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ҳазорҳо одамон дар ҷанги шаҳрвандӣ ба бадбахтӣ ва ҳалокат расиданд. Онҳо на танҳо тарафдорони худ балки одамони бегуноҳ ва осоиштаро низ ба бадбахтӣ, даҳшат ва ҳалокат расониданд. Бояд қайд кард, ки ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ худ аз худ пайдо нашудааст. Ттэ ҳни аз тарафи даъватчиёни ҳизбуллоҳ, ансоруллоҳ, ихвоналмуслимин, ваҳҳобия, салафия, ҳизбуттаҳрир, толибон ва дигар гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ таълимоти идеологӣ гирифта, бо ёриву дастгириҳои моддиву молиявии хоҷаҳои бегонаи хориҷӣ дар ибтидои Истиқлолияти Тоҷикистон даст ба куштору хунрезӣ ва террор заданд. Онҳо хостанд бо зӯри қувва давлатро дар дасти худ қарор дода, Тоҷикистонро ба Афғонистону Сурия мубаддал гардонанд.

Таассубгароии динӣ ва омехта кардани дин бо сиёсат хатари ба ҷанг рӯ ба рӯ шудани мардуми осоишта ва ба ташвиш андохтани кишвари ором мебошад. Аз ини рӯ, аз хонандагони арҷманд хоҳиш мекунем, ки ба суханҳои ҷаззобу иғвогароёна ва ба эҳсосотоварандаи динии шахсиятҳои мутаассибу дингаро моил нашаванд ва бадбахтиро бар болои худашон ва мардуми осоишта наоранд ва баръакс, бар зидди ҳизбҳову ҳаракатҳои динии экстремистӣ ва мутаассибону хурофотпарастон бошанд.

Умед дорем, ҷомеаи шаҳрвандии кишвари азизмон бар зидди ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву радикалӣ ва иғвогароён буда, баҳри осоиш ва рушди кишвари азизамон саҳми худро мерасонанд.

 

 

Камолов Ф.А.,

         н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи

                                                                      забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *