НЕОФАШИЗМ ДАР ҚОЛАБИ ФАНАТИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ

 

Фашизм дар асри гузашта дар Аврупо авҷ гирифта, ҷаҳонро ба ҷанги ҷаҳонӣ рӯбарӯ кард ва миллионҳо одамони бегуноҳ бо сабаби чангҳои фашистӣ қурбон шуданд. Фашистон худро гӯё «беҳтарини одамони рӯи замин ҳисобида, аз инсоният хешро баланд гузоштанд ва эълом бар он доштанд, ки танҳо онҳо одамони тоза ва баргузидашуда ҳастанд». Ин ақидаи фашистӣ ба ҷангҳои тӯлонӣ кашида шудани давлатҳои ҷаҳон боис шуд. Фашистон бадтарин кирдорҳо дар рӯи замин анҷом доданд. Фашистон одамони бегуноҳро ваҳшиёна мекуштанд, дар конслагерҳо азоб дода, дар печкаҳо зинда месӯзониданд, занҳову духтарҳоро таҷовуз карда, бо азоб додан ба қатл мерасониданд. Бо ҳамаи бадкориҳояшон дар охир ба шикасти сахттарин рӯ ба рӯ гаштанд.

Дар замони муосир бошад, фашизми нав ё худ неофашизм дар қолаби фанатизм, экстремизм, радикализм ва терроризми динӣ авҷ гирифта истодааст. Ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ба монанди ҳаракатҳои мамнӯъгаштаи давлати исломӣ, алқоида, аннусра, ихвон-ал-муслимин, ҳизб-ут-таҳрир, толибон, боко ҳарам, ансоруллоҳ, ҳизбуллоҳ, салафия, ҳаракати таблиѓия, ҷамоати исломия, ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ва ѓайра бо роҳи таблиѓи ақидаҳои экстремистиву террористӣ фанатикҳо, мутаассибони динӣ ва ҷавонони гумроҳро ба куштори одамони бегуноҳ, ѓасби давлату ҳокимият даъват мекунанд. Ҳизбҳову ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ақидаҳои неофашистиро тарѓиб мекунанд, ки гӯё «танҳо тарафдорони онҳо дар роҳи ҳақиқат ҳастанд, боқимонда одамони рӯи замин дар гумроҳӣ буда, лоиқи зиндагии хуб нестанд ва набояд осудаҳолона зиндагӣ кунанд».

Ба ёд меорем, Сурия давлати пешрафта буд, аммо бо сабабҳои фирефта шудан ва ба манқуртҳои ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ табдил ёфтани ҷавонони Сурия давлат ба дасти террористон афтода, тамоман ба харобазорҳову мазорҳо табдил гашт. Аҳолии Сурия бошад дар лагерҳои кишварҳои гуногун дар ҳолати қашшоқиву қаҳатӣ ҳамчун гуреза дар шароити бадтарин зисту зиндагӣ доранд.

Ҷангҳои имрӯзаи террористон дар Афѓонистон, Ироқу Сурия, Яману Либия, Сомалӣ ва як қатор кишварҳои Африқо маҳз аз сабаби паҳн гаштани бадбиниву нафрат ба ҳамдигар бо тариқи одамони мутаассиб сабаб шудааст. Миллионҳо одамон аз хонаву дар, хешу табор, кору мол маҳрум монда, дар азобу машаққат дар ҳолати гурезагӣ зиндагӣ карда истодаанд. Кишвари Урдун ду миллион аҳолӣ дорад, аммо имрӯз дар ин давлат зиёда аз нӯҳ миллион одамон зиндагӣ карда истодаанд, ки ҳафт миллион гурезаҳо аз Сурия, Ироқ ва Фаластин мебошанд. Онҳо ҳуқуқи комили шаҳрвандиро надоранд ва дар корҳои дилхоҳ кору фаъолият карда наметавонанд.

Имрӯзҳо вақте, ки мо ба тариқи воситаҳои ахбори омма ҷаҳонро мушоҳида мекунем, кишварҳои абарқудрат барои ҳалли қазияи Сурия гуфтушунид карда истодаанд, вале чунин гуфтушунидҳо ягон натиҷаи судмандро барои халқи оддӣ ба бор наоварда истодааст. Зеро дар Сурия якчанд кишварҳои манфиатхоҳ гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои мухталифи ҷангҷӯёнро, ки аксарияташон ҷавонони раҳгумзадаи Сурия ва кишварҳои дигар мебошанд, ҳамчун манқуртҳои худ идора карда истодаанд. Баъзе аз кишварҳои манфиатхоҳ кӯшида истодаанд, ки аз сарвати табииву ҷойгиршавии геополитикии минтақавии Сурия бештар манфиат дошта бошанд ва барои дастрасӣ ба ҳадафи хеш аз ҷавонони гумроҳ истифода карда истодаанд. Ҷавонони мутаассиби дин бо фанатизми хеш бозичаи ҳаракатҳои гуногуни экстремистиву террористӣ шуда, ҳазорон хуни ҳамдигар ва одамони бегуноҳро рехта истодаанд. Тамоми боигарии кишварашон ва молу мулки падарону бобоёнашонро барои харидани яроқу аслиҳа сарф карда истодаанд. Сурия кишвари тараққикардаистода буд ва мардуми он кишвар осудаҳолона зиндагӣ мекарданд ва хатогии ҷавонон ва мутаассибони динӣ ба ҷангҳои тӯлонӣ кашида шудани ин давлат боис шуд. Ҷавонони мутаассибу мафкураашон маҳдуд ба баъзе афсонаҳои ҳассосоваранда бовар карда, зидди ҳукумати хеш ҷангро оғоз карда, дар охир, ҳам аз хонаву дари хеш маҳрум монданд ва ҳам Сурияро ба қаъри ҷангу хун фурӯ бурданд. Аз ин ҳолат истифода бурда, гурӯҳҳову ҳаракатҳои мутаассибу эктримистӣ ва террористӣ ба майдон омаданд, ки онҳо ҳам бо ҳукумати Сурия ва халқи бегуноҳи он кишвар ҷанг карда истодаанд. Чӣ тавре ки ба тариқи ахбори омма огоҳ шудем террористон хонаву дар ва замини мардумро ба тариқи ҷангҳои ваҳшиёна аз дасташон кашида гирифтанд. Духтарону занҳои онҳоро ба зӯрӣ гирифта, байни худ хариду фурӯш кардаанд ва мардуми он кишвар наметавонанд, ки зану духтарони хешро бозпас бигиранд. Зеро террористон онҳоро ба зании муваққатии хеш қарор додаанд. Ашхоси ифротгарову мутаассиб, ҷудоихоҳу бадбин аз номи ислом баромад карда, дар тамоми дунё даст ба куштор ва террор зада истодаанд.

Гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ дар Афѓонистон, Сурия, Ироқ, Яман, Либия, Сомалӣ ва дигар кишварҳои Африқо мардуми бегуноҳ ва ақаллиятҳои муқимии дигар динҳову мазҳабҳоро ки осудаҳолона зиндагӣ кардан мехоҳанд аз хонаву манзили хеш ронда, одамонро мувофиқи идеалогияашон чун неофашистон ҷудо карда, даст ба куштори оммаи мардум заданд ва ин боиси он шуд, ки миллионҳо одамон аз диёри худ гурехта, дар лагерҳои муваққатӣ дар шароити бадтарин зиндагӣ доранд.

Тамоми дунё ба воситаи ахбори омма шоҳиди он гашт, ки гурӯҳи экстремистии ихвон-ал-муслимин дар Миср, Судан, Либия ва Ироқ ҷавононро гумроҳ карда, зидди ҳукумат ва мардуми бегуноҳ ҷанг карда истодааст. Ҳаракати экстремистии ихвон-ал-муслимин гурӯҳи дигари террористиву экстремистиро дар асри 20 ба вуҷуд овард, ки он ҳизб-ут-таҳрир мебошад. Ҳаракати мамнӯъгаштаи экстремистиву террористии ҳизб-ут-таҳрир мақсади барпо кардани хилофат дар рӯи заминро дорад ва ин ақида ва таълимот барои ба вуҷуд омадани гурӯҳи мамнӯъшудаи террористии давлати исломӣ дар Сурия, Ироқ, Сомалӣ, Либия ва Афѓонистон боис шуд.

Решаи пайдошавии гурӯҳҳои террористӣ маҳз фанатизм, радикализм ва экстремизми динӣ мебошад, ки он чун неофашизми динии замони муосир ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистони ҷавон таълимоти гурӯҳҳои мазкури радикаливу экстремистӣ ба шахсони мутаассиб ва фанатикҳои динӣ дар солҳои навадуми қарни XX таъсири манфии худро расонид. Пайравони ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати ислом аз сарчашмаҳои таълимоти террористиву таблиѓоти экстремистии ҳизб-ут-таҳрир, ваҳҳобия, ихвон-ал-муслимин, ҳизбуллоҳ, толибон ва ѓайра маншаъ гирифта, ҷангу куштори ваҳшиёнаро ба миён оварданд. Ин амал боис шуд, ки зиёда аз 100 ҳазор одамони бегуноҳ қурбон шуда, беш аз ду миллион нафар ба кишварҳои ҳамсоя ва шимоли Тоҷикистон гуреза шуданд.

Ҳамроҳу ҳамфикр шудан ба гурӯҳҳову ҳаракатҳои мутаассиб пушаймониву харобоварӣ меорад. Таассуби диниву мазҳабӣ ҳам аз нуқтаи назари қонунҳо ва ҳам аз нигоҳи инсонгароӣ ба вазнинтарин гуноҳҳову сӯзишҳо оварда мерасонад.

Ҷавонони имрӯзаи мо ба суханҳои ба эҳсосотоваранда дода нашуда, аз роҳи худ ба фанатизми диниву мазҳабӣ даст назананд, ба гурӯҳҳову ҳаракатҳои мухталиф шомил нагарданд ва ё аз онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарафдорӣ накарда, аз ҷумлаи манқуртшудагони ҳаракатҳои мухталиф табдил наёбанд ва худро аз чунин падидаҳои номатлуб эмин нигаҳ доранд. Зеро фанатизми диниву мазҳабӣ ва экстримизму радикализм ва терроризм меовард ва он дар навбати чун неофашизми динӣ маҳсуб меёбад.

Умед дар он аст, ки мардуми меҳнаткаши мо ин сатрҳоро мехонанд ва навиштаҳои моро ба таври дуруст дарк намуда, хулосаҳои заруриро ба худ мебароранд ва ман ҳамчун шаҳрванди ин кишвар умеди онро дорам, ки доимо дар кишвари азизамон сулҳу субот бошад ва сарзамини мо аз ҷумлаи кишварҳои мутараққӣ шинохта шуда, тамоми кишварҳои дунё мамлакати моро ҳамчун давлати соҳиби тамаддун, мардумашро соҳиби маданияти баланд, мардуми таърихиву фарҳангӣ ва бозаковат шиносанд. Саёҳат дар кишвар тараққӣ кунад ва сайёҳони зиёд аз хидмати ташкилоти сайёҳии ватанӣ истифода кунанд ва ҳунарҳои мардумиро харидорӣ карда, аз кишвари азизамон чун сарзамини биҳиштосо, аз мардумаш чун инсондӯст, фарҳангӣ ва меҳмоннавоз хотираҳои некро бо худ баранд.

 

Камолов Ф.А.,

         н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи

                                                                      забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *