Гиромидошти Рӯзи Президент рамзи муҳаббат ба Ватан аст

Гиромидошти Рӯзи Президент рамзи муҳаббат ба Ватан маҳсуб меёбад. Боварӣ ва эътимод ба ҷавонон, ки дар саргаҳи он Пешвои муаззами миллат қарор доранд ҳар як ҷавони баору номуси кишварро вазифадор месозад, ки бо шукргузорӣ аз имрӯзи дурахшон ва пур аз шукуфтанҳову пешравиҳо, ба қадри истиқлолият, ваҳдат ва сулҳу суботи комил бирасем, зиракии сиёсиро аз даст надода, парчамбардори ҳақиқии Ватани азиз ва пайравони асили Пешвои миллат бошем.

      Истиқлолият ва арзишҳои миллӣ давлат дар таърихи давлат бо ҳарфҳои заррин хаккокӣ шуда, дар зеҳну тафаккури одамон ҳамчун воситаи асосии дарёфти озодӣ ва таъмини ҳуқуқу ӯҳдадориҳо пазируфта мешаванд. Соҳибихтиёрию истиқлолиятӣ пас аз эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва пайдо шудани давлати нави тоҷикон дар харитаи сиёсии ҷаҳон, мушкилоти зиёд вобаста ба ташаккули ҳувияти нав ва худшиносии миллӣ ба вуҷуд овард

       Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлолияти давлат си­ёсати давлатии ҷавононро амалӣ намуд. Аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки 13 март соли 1992 сурат гирифтааст, далели ин гуфтаҳо мебошад. Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатӣ дар ин бахш қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва си­ёсати давлатии ҷавонон”. Консепсияву стратегияҳои  давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои миллат бо ҷавонон, роҳандозии стипиндияҳои Президентӣ, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъсис ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ободу зебо гардонидани  боғҳои фарҳангӣ, мавзею гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишӣ, муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир дастовардҳои беназиру нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар ба ҳисоб меравад.

Бурҳонзода Маҳфуза – курси 1,
идораи мақомоти давлатӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *