Дасти ДИИШ то Тоҷикистон омад

Афзоиши пайвастаи ташкилот ва гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳони муосир, яке аз омилхои муташанниҷ гаштани вазъи сиёсию иҷтимоии замони имрӯза гаштаааст. Дигаргуниҳои калони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта рӯ ба рӯ шуд, кишвари моро ба душвориҳои сангин дучор сохта, боиси сар задани ҷангҳои дохилию берунаи солҳои 1992-1997, гардид, ки дар натиҷа зиёда аз 150 ҳазор шаҳрванди бегуноҳ кушта шуда, оқибатҳои он ҳоло ҳам эҳсос мешавад ва хотираҳои мардумро ранҷ медиҳад.

Воқеаҳо ва амалҳои террористие, ки санаи 5-6-уми ноябри соли равон дар дидбонгоҳи Ишқободи ноҳияи Рӯдакӣ аз тарафи хоинони миллат ва дастгирии ДИИШ бо мақсади ноором сохтани марзу буми кишвар ба амал пайваст, ҳодисаҳои мудҳиши солҳои ҷанги бародаркуширо хотиррасон менамояд. Афсӯс, ки то ҳол натиҷаи ҷанги бародаркуш ба баъзе нафарон дарс нашудааст. Онҳо ба боварии хоинони миллат даромада, ба амалӣ намудани мақсадҳои нопоку ғайриинсонаи кӯмак мерасонанд.  Ҳадафи наҳзатиён ва тарафдорони онҳо дар ДИИШ ноором сохтани фазои орому осудаи Тоҷикистони азизамон мебошад.

Имрӯзҳо  беш аз  сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифта, ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн менамояд ва  таҳдиду хатарҳои глобалӣ  ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Бар асари он садҳо ҳазор одамони бегуноҳ кушта ва миллионҳо гурезаҳо бе хонаву дар сарсонанд. Танҳо дар соли гузашта дар Афғонистон аз ҳамлаҳои террористӣ зиёда аз 10 ҳазор шаҳрванди ғайринизомӣ осеб дида, қариб 4 ҳазор нафар ҳалок шудаанд. 24 фоизи ҳалокшудагон бачаҳо буда, 53 фоизи осебдидагон занону кӯдаконанд. Пас аз шикаст хӯрдани ҷангиёни ИГИЛ дар Сурия мувофиқи маълумоти расонаҳо бо кӯмаки ИМА дастаҳои мусаллаҳ аз Ироқ ба Афғонистон фиристода шуданд. Қисми зиёди онҳо дар шимолии Афғонистон, ба сарҳади кишвари мо ва Ӯзбекистон наздик қарор доранд. Иҷроиши ин гуна манёвр беҳуда нест. Мақсади нопоки онҳо на фақат ноором сохтани вазъи Афғонистон, балки тамоми минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон мебошад.

Шахсияти террористони ба дидбонгоҳи Ишқобод ҳамлакарда муайян карда шуданд. Ҳамаи онҳо собиқ шаҳрвандони кишварамон будааст. Аз ин сабаб мо сад афсӯс мехӯрем, ки ба қувваҳои аҳриманӣ шаҳрвандони мо, ва ҳатто занону кӯдакон ёрӣ мерасонанд. Дар натиҷаи ин ҳодисаи нангин якчанд низомиёни бегуноҳамон қурбон шуданд. Аз ин ба хулоса омадан мумкин аст, ки:

  • терроризм миллат, давлат, сарҳад надорад;
  • онҳо барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки ноором сохтани фазои осуда аз ягон воситаю амалҳои зишт рӯй намегардонанд;
  • барои онҳо куштани фарди бегуноҳ, хоҳ кӯдак, хоҳ зан фарқе надорад, яъне сокини бегуноҳи дилхоҳ метавонад аз амали зишти онҳо қурбон шавад;
  • кишварҳои абарқудрати дастгирикунандаи созмонҳои террористӣ намефаҳманд, ки хизмати хирсона карда истодаанд, як рӯз ин қувваҳо ба муқобили худашон равона хоҳад шуд;
  • мо сокинони Тоҷикистон бояд якдилона террористон ва пуштибонҳои онҳоро маҳкум намоем;
  • ҳушёрии сиёсӣ ва шаҳрвандиро нигоҳ дорем;
  • ҷавонҳоро ҳушёр кардан лозим аст, ки ба ваъдаҳои бардурӯғи онҳо фирефта нашаванд;
  • ба аҳли хешовандони низомиёни бегуноҳ қурбоншуда сабри ҷамил хоҳонем.

 Маъруфҷон Неъматов,
устоди кафедраи МО ва ТИ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *