Дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола мардуми шарафманди кишвар бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ дар фазои сулҳу оромӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд, душманони миллат хостанд як гӯшаи ватанамонро ноором сохта, ба сулҳу суботи кишвар латма зананд.
Хоинони ватан ба дидбонгоҳи марзии “Султонобод” воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, соати 03:23-и субҳи 6-уминоябри соли 2019 ҳамлаи мусаллаҳона намуда, мехостанд бо ин амали зишту ноҷавонмардонаи хеш обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ коста гардонанд. Лекин, онҳо ба ин мақсадҳои нопоку зишти худ нарасиданд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои фаврии мақомотҳои қудратӣ дар ҷойи ҳодиса 15 ҳамла ва кушта ва панҷ тани дигар дастгир шуданд. Мутаассифона, афсарону сарбозони шуҷову далери ватан бар зидди хоинони миллат зиддият нишон дода, қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
Он душманони миллат, ки дидаву дониста ба оромии ҷомеаи мо халал ворид месозанд ва кишвари орому мардуми дорои маданияти волоро ба ҷаҳониён бо дигар усул муаррифӣ месозанд, ҳаргиз ба мақсади нопоки хеш намерасанд. Зеро имрўз мақомоти қудратии кишвар ва аз ҳама муҳимаш мардуми сарбаланди тоҷик имкон дорад, ки садди роҳи чунин ҳодисаҳои нангин гардад.
Заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо баҳри рушди бемайлони кишвар, фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум ва муаррифии мамлакати биҳиштосоямон ба ҷаҳониён нигаронида шуда, моро дар навбати худ водор месозад, ки дар сурати халалдор шудани вазъи амнияти кишвар бетарафӣ зоҳир накунем.
Осуда зистан, аз ҳавои беғубор нафас кашидан, дилхоҳ ихтисосро интихоб кардану таҳсили илм намудан, дар сари дастурхон сарҷамъона нишастан ин ҳама неъмати Истиқлолият аст. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз ҳадя намудааст.
М. Шогунбеков,
мудири шуъбаи ғоибонаи ДИС ДДТТ