ПЕШГИРИИ ҶАРАЁНУ ҲАРАКАТҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ КОРИ ДАСТҶАМЪОНАИ МО АСТ!

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, мунтазам дар барномаи ифротӣ бо номи “Паймони миллӣ” бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунанда баромад менамояд.Ин барномаи ифротӣ ҳамеша аз дасиса ва таблиғи ташкилотҳои террористие, ки дар Тоҷикистон мамнўъ аст, барои сафедкунии гуноҳҳои қаблиаш баромад мекунад. Барномаи ифротии мазкур аз оғози фаъолияташ бо найрангбозиҳову дассисаҳо ва роҳандозии маълумотҳои бардуруғ мехоҳад миллати моро ба вартаи нобудӣ барад. Дар аксар дасисаҳои ин барнома маводе ба мушоҳида мерасад, ки муаллифони он аз нафароне маҳсуб меёбанд, ки барои пешрафти кишвари азизи моро нодида мегиранд. Ногуфта пайдост, ки ин ходимони зархариди кишварҳои хориҷӣ бо маблағҳои ҳангуфт ва ҷалби нафароне чун Кабирӣ мехоҳанд бо нашру баромади матлабҳои гуногун кишвари моро зери таҳдид қарор диҳанд. Кас аз дидани барномаи “Паймони миллӣ…” эҳсос мекунад, ки Кабирӣ худро “адлҷў” вонамуд карда, ба ҷои тасаллӣ додани мардум дар давраи хуруҷи бемории сироятии короновирус-“COVID-19”, баръкас машғули гапҳои беҳуда шуда, нисбати миллату давлат иғвоангезӣ менамояд. Ба Кабирӣ суол дода мешавад, ки ин барномаро ў барои инъикоси айбҳои мардум ва зишт нишон додани миллати тоҷик таъсис додааст ё дигар масъалаҳо. Ин амалҳое, ки анҷом медиҳад, хоинона буда, аз журналистикаи ноб фарсахҳо дур аст.

 Доир ба масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, қайд кардан лозим аст, ки имрўз ифротгароии иттилоотӣ ба амнияти миллии кишвари мо таъсири манфӣ мерасонад ва мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро тақозо мекунад Бинобар ин, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Баробари ин бояд қайд кард, ки таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори наҳзатиҳо ва хоҷагони онхо дуруст андеша кунем. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки хиёнаткори милат Кабирӣ дар барномаи ифротии “Паймони миллӣ” нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухани қабеҳ гӯяд. Бояд хотиррасон кард, ки пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ кори дастҷамъонаи мо аст. Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила мо чеҳраи манфури дасисабозҳоро ба аҳли ҷомеа нишон диҳем. Ва бо ҳамин тарз қарзи худро дар назди Ватан адо намоем!

Ф.КАМОЛОВА,
ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *