ФИТААНГЕЗИИ НАВБАТИИ КАБИРӢ БО ХОҶАГОНИ ҒАРБИАШ ДАР ШАБАКАИ ИҶТИМОӢ

Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол борҳо нисбати собиқ роҳбари ҲНИ Мухиддин Кабирӣ ва муовинаш Алим Шерзамонов, ки алҳол номи ҳизбашонро ба “Паймони миллӣ…”(ПМ) иваз намуда, бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ дар яке аз кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, имрузҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаи ифротиаш баромадҳо менамоянд, назарсанҷӣ карда, борҳо бадхоҳи миллат- М.Кабирӣ ва ҳаммаслакону думравонавшро шадидан маҳкум намуда будем.
Мо пайваста ва имруз низ нисбати лофзаниҳои М.Кабирӣ, А.Шерзамонов, ки ин навбат бо ҷалби ҳоҷагони Ғарбӣ тавассути барномаи “ZOOM” вобаста ба дастовардҳои кишвар, Ваҳдати миллӣ баромад намудаанд, сараввал суханҳои фитнаангегашонро махкум намуда, андешаронӣ менамоем.
Мухиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамонов зимни суханронии навбатиашон баромади иғвогаронаро боз пеша намуданд. Воқеан аз баромадҳои Кабирӣ, Шерзамонов А. ва пайравони хориҷиашон, афрод бо номи Стив Свердлов, ҳар бинанда бе ягон душворӣ пай мебарад, ки инҳо бо маслиҳати пешакӣ, бо роҳи фитаангезӣ нисбати давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар, дар атрофи масоили дастоварди кишвар, Ваҳдати миллӣ, қазияи Бадахшон беасос иғвогарию тӯҳмат карда, ин навбат низ тухми кинаю адоват кошта истодаанд. Баробари ин нисбати кишвари ба мо дӯст Федератсияи Россия суханҳои носолим баён доштанд. Таъкидан ба бадхоҳони миллат гуфтанием, ки нисбати кишварҳо, аз ҷумла, оид ба амалиётҳои Федератсияи Россия, аз воқеияти ҳол бехабар набояд баҳои сиёсӣ дод! Бояд ҳаматарафа андеша кард!Хонандаи заки инро дарк мекунад. Ҳоҷат ба баён нест.
Хулоса, бадхоҳони миллат – роҳбари ТТЭ ҲНИ – ПМ М.Кабирӣ ва муовинаш Шерзамонов А. оид ба дастовардҳои кишвар ва масоили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, умуман сиёсат ҳарзагуӣ намуда, бо тавсифҳои сохтаву андешаҳои по дар ҳавои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафсатагӯе табдил гаштааст ва ба хотири кас гуфтаҳои бемореро ба хотир меорад, ки аз таъсири тасбу таб ба ҳарзагӯӣ медарояду боз шояд ба гуфтаҳои худ бовар кунад.
Баробари ин, бояд қайд кард, ки мо ҷавонон аз кишвари соҳибистиқлоли хеш сарбаланду шукргузорем ва хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо, ки бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад, ба ин тамоюлҳо, нисбат ба рафтору гуфтори бадхоҳони миллат баҳои дурусти худро медиҳанд.
Дар интиҳои андешаи хеш мо ин навбат низ Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов ва умуман пайравони ТТЭ ҲНИ-ро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои фитнаангезашро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурӯғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд.
Д.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *