Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.
Дар таърихи ҳар як миллат санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо маънии томаш ҳамчун даврони саодатофарин ва оғози созандагиҳои бузург маҳсуб мешаванд. Барои мо- насли ояндасози кишвар 27-уми июни соли 1997 аз шумори чунин санаҳои муқаддас мебошад. Дар ин рӯзи мубораку саид пас аз талошу кӯшишҳои қаҳрамононаву ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Тасвиби ин ҳуҷҷати ваҳдатофарин баҳри мо тоҷикон ба қавли Лоиқи ширинсухан “сулҳи бунёдкор”-ро армуғон оварда,барои вусъати беназири раванди созандагӣ дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагии шаҳрвандони кишварамон такони бузург бахшид:
Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,
Ҳотифи зиндадори мо омад.
Кӯю барзан пур аз гадоён буд,
Фурсати шоҳкори мо омад.
Давоми 25 сол мардуми шарифи тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти комил умр ба сар бурда, бо тамоми қудрату тавон барои таҳкими озодӣ, пешрафту ободии Ватан – Модар ва таҳмини некӯаҳволию осоиши ҷону тани худ камари ҳимматро маҳкам баста, бо ҳидочту раҳнамоиҳои меъмори сулҳу ваҳдат, Сарвари давлат, Роҳбари муаззами кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қулоаҳои баланди музаффарияту шукуфоиро фатҳ мекунанд.
Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки роҳи беш аз садсолаи рушдро тай намуда,ба комёбиҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати фарҳангӣ ва илмию маънавие ноил гардад.
Ваҳдат- беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон ва ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи Тоҷикистон мавқеву мақоми мамлакатамонро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯзҳо иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ худ меросест аз гузаштаи дур барои пешрафти маънавиёти кишвар. Зеро танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Дар сурати мавҷудияти Ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараккиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо низ аз он баҳравар гардид. Мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”
Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар хориҷи кишвар сафар намудани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ва сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё ва ба сӯи уқёнуси ҷаҳон роҳҳои хушкигард расонидааст. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул- гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад,мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул- гул шукуфт ва имрӯзҳо дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ падидор аст.
Танҳо ба шарофати сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ барои тоҷикон чеҳраи мунаввару хирадмандона, қалби пурмеҳр ва рӯҳи шикастнопазири халқи тоҷик пеши назари тамоми ҷаҳониён таҷаллӣ намуд. Мусаллам аст, ки даст ёфтан ба Ваҳдати миллӣ барои тоҷикон ба осонӣ муяссар нагардидааст. Ҷиҳати расидан ба он мо чӣ қадар марҳалаҳои душворро паси сар кардаем. Аммо бо вуҷуди ин фарҳанги ҳазорсола заковату шуҷоати халқ ва хиради сиёсатмардонаи Сарвари давлат аз муҳимтарин омилҳое буданд, ки моро ба сулҳу ваҳдат расониданд, ки баъдан он ба бузургтарин нерӯи созанда ва ормони мардумӣ табдил гардид. Имрӯз кишвари мо ба ваҳдатистони ҳақиқӣ табдил ёфтааст. Мардум аҳамият ва зарурияти Ваҳдатро бештару хубтар дарк намуда, барои таҳкими пояҳои он содиқона заҳмат мекашанд. Дар ин рӯзҳои фархунда мо танҳо ба хотири шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ барои пешрафту тараққиёти мамлакат, гул -гул шукуфоии кишвари маҳбубамон саҳми арзанда гузошта бошем. То ин, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта бошад.
М.АХМЕДОВ