Мо хуб медонем, ки дар Ватани азизи мо – Точикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурўҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳои дар боло зикршуда ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинљу амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромўш месозанд. ТТЭ ҲНИ мисоли гуфтаҳои болост. Агар дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш наонқадар љалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он бо мақсади амали намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст.
Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир бо шарофати расонаҳои алтернативие чун «Интернет», баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ҲНИ ва роҳбари он ошкор мегардад. Қайд кардан, ба маврид аст, ки ин гуна фаъолият аз љониби анљуману гурўҳҳои навтаъсиси зархарид дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо низ ба назар мерасад. Дар ин хусус метавон чандин мисол овард. Чунончӣ, анљуман бо номи «Анљумани озодандешони тољик» дар шаҳри Венаи Австрия ва љунбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тољикистон» дар шаҳри Амстердами кишвари Ҳолланд. Таъсисёбии созмони “Паймони миллии Тоҷикистон” дар Варшава низ баҳри амалӣ намудани ин ҳадафҳои нопок ба роҳ монда шудааст. Онҳо дар баёнаашон оид ба Тољикистон бо суханҳои бемантиқу беасос иброз дошта, ба фазои имрўзаи љомеаи кушоди мо соя афкандаву боиси хушунату бадбинӣ эљод намуда, бо ҳар роҳу васила ба шуур ва тафаккури сокинони кишвар таъсир расонидан меҳоҳанд. Кас ҳайрон мемонад, ки ин ашхосон боз чӣ гуна Тољикистон месохта бошанд?! Вале аҳли башар хуб медонад, ки ин зумраро ба љуз хољагони хориљиашон, ки онҳоро чун ғуломи ҳалқабаргўш истифода менамоянд, касе намешиносад ва эътироф ҳам намекунад. Бояд таъкид кард, ки алҳол Тољикистони соҳибистиқлол ба ҳаргуна пешниҳоду маслиҳатҳои анљуману гурўҳҳои навтаъсис ниёз надорад
Соли 2018 мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 27 – солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифта, дар омодагӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Бо ин мақсад дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои созандагиву ободонӣ идома дорад. Моро зарураст то ба чунин бадхоҳони миллат имконият надиҳем озодона муқобили давлату ҳукумат сухангўи кунанд, зеро чунин сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ маҳз бо ҷонбозиҳо Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст ва ҳаряки мо бояд баҳри тараққиёти Тоҷикистон саҳмгузор бошем.
Раҷабов Раҷаб,
устоди кафедраи математикаи олӣ ва
техногияи инноватсионии ДИС ДДТТ