Мардуми шарифи Тоҷикистон, пирони рӯзгордида, ҷавонон, омӯзгорону шогирдон – мо ҳама шукрона аз ин рӯзҳо, аз ин зиндагонии хушу хуррам дорем. Ҳама бо кореву ҳунаре андармон дар фазои сулҳу амонӣ умр ба сар бурда истодаем. Барои мо аз ҳама чизи муҳим ин сулуҳ амонӣ ҳаст, ки мо онро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.
Лекин дар ин даврони тинҷию амонӣ моро як чиз ба ҳайрат меорад, ки як тоифа зархаридони беватан, ки дар ватани азизи мо бародарро бо бародар низоъ андохтанд, дар хориҷи кишвар зери тозиёнаи хоҷагони худ давлати ободи- Тоҷикистонро зери танқид мегиранд ва як гуруҳи инсонҳои беватанмондаи ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ ва созмони “Паймони миллӣ”, “Анҷумани озодандешон” мехоҳанд бо ҳар роҳу восита, истифода аз расонаҳо дар олам номи кишвари моро доғдор намоянд.
Акнун ки беватан мондаанд, хору залил, дастнигари хоҷагони худ гардида, ҳоло ҳам бо сиёҳ намудани номи ватани азизи мо машщуланд. Дигар касе онҳоро гуш нахоҳад кард.
Чї хеле, ки ба њамагон маълум аст 29 сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати ислом њамчун њизби террористї элон карда шуд ва фаъолияти ин њизб дар њудуди кишвар манъ карда шуд. Аммо то ба ҳол қисме аз аъзоён ва тарафдорони ин ташкилоти террористӣ дар хориҷ, ҳар куҷое, бо супориши ҳар касе, сарсону саргардон гашта, ҳар гуна суханҳои бофтаю дуруѓро паҳн карда истодаанд.
Мардуми шарифи кишвар, сокинони ватандӯсту худогоҳи мамлакат тариқи васоити ахбори омма муроҷиат намуда, ба мардуми хирадпешаи кишвар ру оварда, даъват менамоем, ки ҳеҷ гоҳ дигар ба суханҳои фитнаангезу дуруѓини ин тоифаи ватанфурушу хоин ва беватан гӯш надиҳанд. Ба доми фиребу суханҳои бемаънии онҳо наафтанд. Мо бояд танҳо паи ободкорӣ ва зебо намудани ватани хеш ва рузгори хуш қадам ба пеш гузорем.
Бинобар он мо бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ба чунин рафтори хоинонаи онҳо нафрат орем ва ҷавононро ба ватандӯстӣ, ҳифзи Ватан даъват намоем. Нагузорем, ки ҷавонон ба он рафтору кирдори номатлуби чунин хоҷагони гумроҳ гардида, фирефта нашаванд.
Ҷомеаи омўзгорони кафедраи
иқтисодиёти ҷаҳон