Изҳороти шуъбаи машварати ДИС ДДТТ оид ба сафари Пешвои миллат ба Бадахшон

Рўзҳои охир дар атрофи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтугузор ва баррасиҳои мухталифе дар васоити ахбор ва миёни мардум баргузор шуда истодааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан дар сомонаҳои гурӯҳҳое, ки сиёсати имрӯзаи давлатдории моро намепазиранд ва назари мухолифатомез доранд, воқеаҳои Бадахшонро тавре обуранг медиҳанд, ки гӯё тамоми Тоҷикистон бар зидди ин минтақа мебаромада бошад. Махсусан, он фирориёну намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои зиддимардумие, ки дар Варшаваи Лаҳистон ва Франкфурти кишвари Олмон қарор доранд, иғвогарӣ намуда, мехоҳанд масъалаи Бадахшонро ба манфиатҳои сиёсии худ истифода баранд.

Феълан, ин ТТЭ ҲНИ бо ғуломони хоҷагони берунаи худ дар кишварҳои Лаҳистон ва Олмон бо туҳмат ва суханҳои дурӯғ ҳақиқатро рӯйпуш намуда, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ худро бегуноҳ вонамуд мекунанд. Бо ин ҳаракатҳои худ онҳо мехоҳанд, ки гурӯҳи террористӣ будани худро инкор намуда, барои ҷиноятҳои содирнамудаи худ аз ҷавобгарӣ дар канор монда, фаъолияти тахрибкорӣ ва иғвоангезии худро идома диҳанд.

Дар асл ҳама чиз чун оина шаффоф аст. Сарвари давлат зимни сафари кории хеш ба ВМКБ чандин иншоотҳои навсохтро ифтитоҳ намуда, бо мардуми навоҳии гуногуни Бадахшон суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд. Фаъолияти яке аз бузургтарин донишгоҳҳои минтақа – Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғро худи Президенти мамлакат ифтитоҳ намуаднд. Новобаста ба номусоидии обу ҳаво ба дурдасттарин ноҳияи кишвар – Мурғоб сафар намуда, аз ҳоли мардуми он ҷо хабардор шуданд. Бо мардуми Мурғоб суҳбати доманадоре барпо намуданд. Ин кор як таҷрибаи доимии Сарвари давлати тоҷикон аст, ки мунтазам идома дода мешавад ва ҷузъи сиёсати мардумпарваронаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад.

Андешаи муҳим ҳамин аст, ки зимни вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Хоруғ Сарвари мамлакат аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қатъиян талаб карданд, ки ба ҷинояткорӣ ва хусусан паҳн гардидани маводи мухаддир дар вилоят хотима дода шавад. Ҳама гурӯҳҳои расмию ғайрирасмӣ бояд ба қонун итоат кунанд, ба ягон нафар имтиёз дода нашавад, зеро ҳама дар назди қонун баробар мебошанд. Барои ислоҳи вазъият дар Бадахшон, решакан намудани ҷинояткорӣ ва ба тартиб даровардани вазъи ҳуқуқӣ ба масъулини соҳа муҳлат муќаррар карда шуд. Ин таъкиди Сарвари давлатро мухолифини сиёсати имрӯза, хусусан онҳое, ки дар Аврупо ҳамчун фирорӣ қарор доранд, аз Муҳиддин Кабирӣ сар карда, то Гадоев Шарофиддин ва Шерзамонов Алим ва чанд тани дигар тобиши сиёсӣ дода истодаанд. Дар чунин ҳолат бо боварии комил метавон гуфт, ки мардуми Бадахшон худашон вазъиятро ба таҳлил гирифта, ба ҳар гуна овозаву иғвогариҳо махкум кардаанд.

Воқеан дар тули 27 соли истиқлолияти давлатӣ ВМКБ хеле пешрафтҳо карда, садҳо иншоотҳои нав ба кор даромаданд. Солҳои мушкиле, ки ҳатто мардуми пойтахт барқ надошт, дар Бадахшон барқ 24 соат таъмин буд. Барои донишҷӯёни ин минтақа дар пойтахт ҳатман хобгоҳ ва дигар имтиёзҳо пешниҳод мешавад. Хулоса, тадбирҳои андешидаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои решакан намудани зуҳуроти нангин, даъват намудани тамоми кишварҳои олам ба ҳамоҳангиву ҳамдастагӣ дар роҳи мубориза ва муқовимат бо терроризм аз тарафи тамоми давлатҳои минтақа ва олам дастгирӣ ёфт. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки саъю талоши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона карда шудааст, ки сулҳу суботу осоиштагӣ тамоми оламро фарогир бошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *