Дар асри XXI экстремизми динӣ як шакли наверо ба худ гирифт, ки он бо тавассути Интернет содир мегардад ва бо ҳар гуна тасвирҳои кинаю адоват, ки он хусусияти экстремизми диниро дорад, паҳн гаштааст. Дар айни ҳол терроризм ва экстремизм дар соҳаи итилооти компьютерӣ хеле хавфнок мебошад.
Дар ҷаҳони кунунии мо ҳамчунин, ҳодисаҳои хатарбори терроризм ва ифротгароӣ доман паҳн мекунанд ва ба ҳаёти осоиштаи аҳли сайёра таҳдид менамоянд.
Мо дар замони хеле мураккабу пурихтилоф, замоне, ки давлатҳои дунё ҳар кадоме баҳри манфиатҳои хеш талош варзида, дар ин роҳ ба зиёдравӣ ва таҳқири кишварҳои дигар роҳ медиҳанд, кор ва зиндагӣ дорем.
Вобаста ба ин ҳолат, аҳли хираду тамаддунгарои ҷаҳонро мебояд, ки ҳамдилу ҳаммаром бошанду бар зидди ин падидаҳои номатлуб овоз баланд кунанд. Мо, омӯзгорон, бояд дар сафи пеши мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм бошем. Ҳамчунин, шогирдонамонро ба ҳушёрию зиракӣ даъват намоем. Бо истифода аз далелу рақамҳо фаҳмонем, ки экстремизму ифротгароӣ чӣ гуна равияҳоянд, чӣ ҳадафу матлаб доранд, ба чӣ муваффақ шудан мехоҳанд.
Духтарон ва ҷавонони тоҷик, ки имрӯз дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсил мекунанд, бо сиёсати нодуруст пешгирифтаи ин давлат гурӯҳҳои ифротгаро онҳоро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти Ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб менамояд.
Бинобар ин бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти диниро пурра карда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд. Тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон басо шукргузоранд ва хоҳони онанд, ки дар кишвар доимо сулҳу амонӣ пойдор гарда два аҳолӣ дар ҳавои софу беғубор умр ба сар баранд.
Нурматова Садоқат,
ассистенти кафедраи назарияи иқтисод