Иҳороти н.и.и., Баратова Нурӣ дар нисбати андешаҳои иғвоангези бадхоҳони миллат дар хориҷи кишвар

Мо кулли устодони кафедраи Назарияи иќтисод иқдомҳои пайгиронаи сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмонро дастгирӣ карда, дар фаъолияти рӯзмарраи худ истифода мебарем.

Ҳаёт барои ҳар як инсон имтиҳон аст. Инсон бояд аз ин имтиҳон бигзарад ва имкони расидан ба хушбахтиро аз даст надиҳад.

Инсоне, ки аз зиндагӣ ноумед мешавад, кӯтоҳназарию бехирадиро пеша мекунад. Ӯ қодир аст ба ташкилоту созмонҳои ифротгар дохил шавад, дар дили худ зуҳуроти бегонашавию бегонапарастиро нисбат ба Ватан, модар ва наздиконаш ҷой диҳад.

Имрӯзҳо бархе аз ҷавонону наврасонро гурӯҳҳои манфиатҷӯ барои ба худ ҷалб кардан тарғиб мекунанд. Ин гурӯҳҳо созмонҳову ташкилотҳои ифротгарое ҳастанд, ки барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ ҷавонону наврасонро бо суханҳои пучу беарзиш, ваъдаҳои дурӯғ ва далелҳои беасос ба сӯи худ мекашанд. Ин гуна созмонҳои ифротгаро наврасонро чунон ба сӯи худ ҷалб мекунанд, ки барои онҳо Ватан, модар ва ифтихори ватану ватандорӣ, умуман ҳисси миллию меҳанпарастӣ бегона мегардад. Ин созмонҳо дар ниҳоди ҷавонон шиква кардан, рӯҳафтодагӣ, тундхӯйӣ, худхоҳӣ, одамгурезӣ, дунёбезорӣ, хилватнишинӣ, муносибати душманона бо атрофиён, ба Ватану модар, бетафовутӣ нисбат ба дарду ранҷи одамон, нобоварӣ ба ҳозираву ояндаро то ба дараҷае ҷой мекунанду вусъат мебахшанд, ки онҳо қобилияти андешиданро гум мекунанд. Созмонҳои ифротгар ба наврасону ҷавонон аз ҷиҳати психологӣ фишор меоранд. Мутаассифона, ҷавонону наврасоне, ки ба ин гурӯҳҳои ифротгаро дохил шудаанд,  дарк намекунанд, ки чӣ гуна зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ дар дили онҳо ҷой гирифтааст.

Дуруст аст, ки ҷавонону наврасон на ҳамеша мушкилоти худро мустақилона ва ба таври мусолиматомез ҳал карда метавонанд. Бинобар ин, гурӯҳҳои ифротгаро аз кутоҳназарии ин гуна ҷавонон истифода бурда, роҳи ягонаю дурусти ҳалли мушкилоти онҳоро ба воситаи зӯроварӣ, ҷанҷолу хархаша, занозанӣ, масхараю таҳқиркуниҳо нишон доданӣ мешаванд. Имрӯз мо фаъолияти ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ, Гуруҳи 24 –ро шадидан маҳкум менамоем. Онҳо дар хориҷи кишвар ба дасисаю буҳтонгӯӣ машғуланд ва бар зидди давлату миллат доим ҳарфҳои носазо мегӯянд. Мо фирефтаи афкори онҳо намегардем ва барои ободии Тоҷикистон софдилона заҳмат мекашем.

Мо бояд Ватану модари хешро ҳифз намоем, дар дили хеш ҳамеша ҳисси ватандӯстиро парвариш диҳем, ифтихор кунем, ки чунин Ватани тинҷу ором, зебову хуррам ва соҳибистиқлол дорем. Мо барои ҳамаи ҷавонон  сабру қаноатмандиро пеша карда, аз пайи омӯзиши илм, аз худ кардани касбҳои гуногунро тавсия дода, барои ободиву осудагии Тоҷикистони азизамон бикӯшем. Ба даъватҳои ин гурӯҳҳои ифротгарову ҷангандоз ҳаргиз гӯш надиҳем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *