ТТЭ ҲНИ ва амалҳои бадхоҳонаи он дар солҳони аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон

ТТЭ ҲНИ бо муроҷиат намуданаш бо созмонхои хориҷӣ ва дар симои онхо чустани такягоҳи сиёсӣ бори дигар хиёнат кардани худро ба арзишхои олии ватандорӣ на танҳо барои мо, балки барои тамоми оламиён собит сохт. Ин аст, ки бо дарки амалҳои хоинонаи ин ҳизб имрўз чавонмардони ватандўсти точик даста-даста сафи ин хизби тафриқаангезро тарк карданд. Сафи хизбе, ки дар тўли таърихи фаъолияташ ягон кори неке ба мардум накард. Баръакс, хуни хазорон ҷавони тоҷик дар гарданаш буда, замони чанги шахрванди дасти хоричиёнро барои анчом додани точиккушии саросари дар минтақахои алохидаи Точикистони тозаистиқлол боз карда буд. Аммо ягон бор ин хизб дар назди миллат барои ин генотсид хатто узр напурсидааст ва дар мачмуъ ин вазъият мутаассифона то хануз таърихан бахои воқеии худро нагирифтааст.

ҲНИ бо чунин феҳристи «корнамоиҳо» ба ҷойи он ки дили мардумро ба даст орад, аз боварихои динии халқ сўистифода кард, ки ин аз зумраи хиёнатхои имонист. ҲНИ бошад мисле, ки барои хиёнат офарида шудааст, ба давлат хиёнат карда, чанде пеш дахолати хоричиёнро ба сиёсати дохилии Точикистон тақозо кард, ки ин доѓро хеч гох ягон бахонаву хиллахои шаръиву сиёсии рохбарияти олии он аз рўи ин хизб шуста наметавонад. Ба мазмуни мантиқии мурочиатномаи ҲНИ назар афканем, ин хизб амалан аз хоҷагони хориҷии худ тақозо кардааст, ки эшон ба хукумати Тоҷикистон фишор оранд, то хукумат аз мардум тақозои эътиқод ба ҲНИ-ро кунанд.

Ин маънои онро дорад, ки агар ҲНИ имкон меёфт бо мақсади ба сари қудрат расидан лашкари бегонаро вориди ватани мо мекард. Агар он амалу рафтореро, ки ин хизб тавассути васоити ахбори оммаи худу ҳампаймонҳояш анҷом дода истодааст, тахлил кунем, эшон кўшиш доранд шахрвандони кишвар ва дигар давлатхои мусалмоннишинро бо сўистифода аз номи Ислом дар муқобилияти маънавӣ бо Ҳукумати конститутсионии Точикистон қарор диханд. Эшон мехоҳанд таърихи талхи гузаштаи миллати точикро такрор кунанд, таърихе, ки чунин миллатфурўшон дарвозаро ба рўи душманон кушоданд ва бо хамин миллати точик хазор сол дар зиллату ѓуломи буд.

Аммо ТТЭ ҲНИ донад, ки миллати точик аз он таҷрибахои талх ибрат гирифтааст ва миллати точикро фирефта сохта дигарбора ѓулом кардан мумкин нест. Чунки ин миллат дигар ѓулом будан намехохад. Ин миллат хамакнун мехохад ба асолати миллии худ баргардад ва шукўхи давлатдории ниёгонро барқарор созад. Асри 21 ба рўи миллати точик сахифаи нави таърихиро боз кард, сахифае, ки шахсиятхои ватандўст онро бо садоқати худ шукўхманд хоханд кард. Агар ҲНИ ѓуломии ин миллатро мехохад, пас барои ў дигар дар ин сарзамин чой нест.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқоти худ бо кормандони хифзи хуқуқ бахусус,  соҳаи прокуратура ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат таъкид намуда буданд: «Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучандро  тақозо менамояд.

Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулху субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд, пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони мақомоти хифзи хукук ва сохторхои низомӣ вобастагии мустақим дорад».

Барои ҳар як сокини давлати Тоҷикистон маълум буд,  ки чаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат оид ба вазъи гоеополитикии ҷаҳони муосир чунин бо хавотирӣ ва огаҳона сухан меронанду хушдор  медиҳанд, ки вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад, на танҳо ба оромию осоиштагии рўзгори мардуми мо, балки ба аксари мамолики тараққиёбанда ва ё ақибмонда таъсири басо калон расонад. Яъне ифротгароии миллию  мазҳабӣ ва ривоч ёфтани терроризму экстремизм дар даҳсолаи охир на танҳо Пешвои маҳбуб ва  роҳбари хирадманди давлати моро, балки аксари сиёсатмадорони ҷаҳон ва инсонҳои ба сиёсатшиносию ҷомеашиносӣ машѓулро низ ба таҳлука овардааст.

Мо хоҳони онем, ки халқ ва миллати Тоҷикистони азизи мо ҳамавақт дар зери партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагонӣ намуда, бо  ҳаёти осоишта умр ба сар баранд.

Ғафурова Ф,
устоди кафедраи назарияи
бухгалтерӣ ва аудити ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *