ФИРЕФТАИ афкори бадхоҳони миллату давлат нагардем!

 

Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлолу демократӣ ва соҳибфарҳангу соҳибтамаддун аст. Бале, имрӯз дар ватанамон озодии сухан, виҷдон, интихобот, шароиту имконоти иқтисодиву тиҷоратӣ, барои тамоми шаҳрвандон баробар аст, як забон, як дин ва ҳизбиятҳои гуногун дорем, барои ободии ин меҳан кору фаъолият мекунем.

Мо, миллати саодатманд ва куҳантамаддуни тоҷик ҳаргиз ба ин иҷозат нахоҳем дод, ки бо чунин ақидаҳои нопокатон моро тавсия диҳед, зеро то кунун касе аз наҳзатиҳо барои коре тавсия напурсидааст. Аз ин рӯ инро қабул намоед, ки дигар касе шуморо гӯш нахоҳад, кард. Вақте, ки шумо ин қадар тарафдори он бошед, ки чунин амалҳои аз доираи одоб берун идома ёбад. Аммо иддае аз мухолифони кишвар, яъне наҳзатиҳо таҳти роҳбарии Кабирӣ хоҳони он аст, ки фарҳанги милли тоҷикон бо айби бархе нохалафону бадахлоқон барбод равад. Ва бо таҳқир иброз кардааст, ки Ҳоло як чизро бароятон ошкор кунам: дар дастимо ҳам хеле чизҳо ҳастҳатто аз раҳбарони калонатон, аз раҳбарияти кишвар. Вақте ин (наворҳо)ро пеши мо оварданд, ман гуфтам: инро ҳамчун василаи сиёсӣ истифода набаред, фарҳанги мо ин нест.” .

Пас мо низ медонем, ки фарҳангӣ наҳзатиҳо ин маҳфуз доштан ва идома бахшидан ба фасодкориву фоҳишагист. Вагарна чаро аз он, ки мақомот аз тасмимотиаш даст накашад, кабирӣ таҳқиромез сухан кардааст.

Инқадар худатонро ширин нишон надиҳед. Зеро тамоми мардуми миллат медонад, ки наҳзатиҳо то чӣ андоза “фарҳангдӯсту фарҳангсолор” ҳастанд. Маҳз барои ҳамин сари наҳзатиҳои фиребкор ва бадахлоқ эътимод намекунанд.

Имрӯз наҳзатиҳо дини исломро ба дини худашон иваз карда ба мардум мефаҳмонанд, ки ин фарҳанг нест, дигар шариат нест. Дар ҳақиқат аз байни опозисионҳо ба хориҷи кишвар онҳое фирор карданд, ки бадахлоқу  чашмгурусна ва бефарҳангу бедин ҳастанд, пулу молу чизро аз модар, ватан, фарзанд дида авлотар медонанд. Пас дар кадоми ин хасоили бадии онҳоро донем, ки ба хотири гиромидошти фарҳанг ва азиз шуморидани зан модар анҷом дода бошанд.

Тавре, аз баёноти ин касифон бармеояд, мардуми тоҷикро, ки занону модаронашро онқадар “азизу фаришта” медонанд: “табиати мардуми тӯҳматбоф ҳамин аст” иброз карданд. Ҳамин аст, магар фарҳанги шумо, ки мардумонатро тӯҳматбоф меномед. Ҳол он ки дар қатори ин мардумон ҳамон модарони фаришта низ вуҷуд доранд.

Аз назари Кабирӣ давлатдории моро идоракунандагон гӯё ба масхара мубаддал карда бошанд. Аҷабо ба тӯҳматбофиҳои наҳзатиҳо кӣ бовар мекарда бошад. Зеро мардум дар фазои ободу озод, дар сарзамини муқаддас, ҳаёти орому ободро ба сар мебаранд. Ва ҳамеша иброз менамоянд, ки тамоми мардум пайрави Пешвои миллатанд.

А. Қаюмов,

номзади илми иқтисод, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *