Носипосӣ ва курдилии Паймони миллӣ ва ТТЭ ҲНИ

Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои хешро дар арсаи байналхалқӣ устуворона гузошта, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри ободонӣ ва суботи ҷумҳурӣ  ҳар чӣ бештар камари ҳиммат бандад. Халқи тоҷик дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, дар осмони софу беғубори кишвар бо меҳнати софдилона арзи ҳастӣ менамояд, ки аз ваҳдату якдилии тоҷику тоҷикистониён дарак медиҳад.

Имрӯз давлат пуштибони ҳамон ҳақиқату асолате аст, ки онро ислом собит месозад, на ин ки ба маънои “диндорони наҳзатӣ” амал мекунад. Ба эътиқодоти мардум, ки онҳо кай намоз мехонанду кай ибодат менамоянд касе ба ин сару кор надорад, шароити мусоиди озодии мутлақро барои тоату ибодат муҳайё кардааст.

Фаромӯш кардан он қадар кори осон нест, ки дар гузаштаи начандон дури мо чи қадар ҷавонону наврасони мо, ки гирифтори доми гурӯҳҳои ифротгоро гашта буданд онҳоро аз кишварҳои хориҷабар гардонида, аз чанголи ифроту терроризм халос наҷот дода буданд. Ин миннати кори карда нест, танҳо дар омади сухан гуфта гузаштан хеле рамзист, агар давлат аз ояндаи наврасону ҷавонон пуштибонӣ накунад ва онҳоро амнияти онҳоро таъмин  насозад пас ин вазифаи кист.

Бо вуҷуди он, ки дар мамлакати мо сулҳу субот ва ороми ҳукмфармост, ҳолатҳоеро вохӯрда истодаем, ки барои вайрон намудани фазои истиқлолият қавваҳои бегона истифода шуда истодаанд. Ҳар кадоме аз он нафарони бадкирдор, ки қасди талаф додани сулҳу моро мекунад бояд донад, ки ин мустақили ба осони ба даст наомаддаст, ки чунин ба осонӣ аз даст равад. Барои он, ки ба мо имрӯзи дурахшон фароҳам ояд, ҷони ҳазорон абармардони далеру ҷасур нисор гардиддаст. Аз ин хотир ба ҳамами ҷавонони саодатманди диёр даъват ба амал меорам, ки барои пос доштани номи ниёгон номи ононе, ки имрӯз ва фардои моро бо диловариву шуҷоати хеш равшан намуданд, талош варзанд то вориси арзандаи эшон бигарданд ва барои шукуфоии милатамон ташаббусҳои созандаро ба нафъи миллату давлат амалӣ гардонида, саҳме гирифта бошанд, ки ҳамеша Тоҷикистон чун давлати соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг шинохта гардад.

 

Ҷ. Ҷӯраев,

Р. Раҷабов,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *