ИЗҲОРОТИ кафедраи менеҷменти ДИС ДДТТ  оид ба амалҳои муғризонаи ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар

Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имрӯз онро бо шукӯҳу шаҳомати хосаш дар тамоми олам мешиносанд, бархе аз зодагони хиёнаткору кӯрнамак ва кӯрсаводаш бо ношукрии беш мустақилияти кишварро пушти по мезанад. Вале бояд донист, ки истиқлолият, демократия ва сулҳу дӯстӣ ба маънои томаш дар Тоҷикистон аст.

Мусаллам аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибтстиқлоли мо таҳти роҳбари хирадманду оқилаш ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфтааст, зеро он дорои потесиали бузурги тавлиди нерӯи барқ, заводҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои бойу ғанӣ, ҷойгузин ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз шарқу ғарб ва аз шимолу ҷануб мебошад.

Вале ин пешравиҳо то чи андоза ба руҳи М.Кабирӣ ва намояндагони иғвогаронаш таъсир расонидааст, ки хостанд бо суханҳои «пандоомез»-и худ мехоҳанд миёни омма обрӯ гиранд.

Аввал ин, ки рафтори ноҷавонмардони ин назҳатиҳоро солҳост, ки мушоҳида намуда истодааем. Дуюм ин, ки мақомоти давлати аз Шумобаринҳо хиёнаткору ватанфурӯш нест, ки бо чунин амали нангин номи кишварро доғдор кунад. Ба миосли ин боз чанде “қаҳрамониҳоятон ”- ро бар гардани мақомотҳои давлати бор кардед. Ба фикратон мардум беақлу девонаанд, ки ба чунин суханони бемаврид бовар мекуннад. Донед, ки минбаъд шуморо ҳамон фармондеҳон гӯш мекуннаду бо ангушти ишораашон дар атрофи хууд бози медоранд, зеро аллакай шумобаринҳо лӯхтаки дасти он хориҷиён гаштаед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *