Филми “Хиёнат” ва пуштибонии хадамоти махсуси баъзе кишварҳои хориҷӣ аз ТТЭ ҲНИ

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақолаи Сиддиқи Акбари бо номи «ЭРОН МУҲРИ ХОМУШИРО ШИКАСТ ВА АЛАЙҲИ ТОҶИКИСТОН ВОРИДИ АМАЛ ШУД» ба нашр расид, ки вокуниши зиёдеро дар байни сокинони кишвар ба вуҷуд овард. Воқеан сабаби асосии муҳри хомуширо шикастани Эрон намоиши силсилафилми “Хиёнат “ мебошад, ки аз даст доштани гуруҳҳои алоҳидаи кишвари Эрон дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва дастгирии моддию маънавии ТТЭ ҲНИ мебошад.

Мо ҳама огоҳ ҳастем, ки шабакаҳои телевизионии мамлакат филми мустанади «Хиёнат»-ро дар чанд қисмат намоиш доданд, ки дар он  кирдорҳои нобахшидании сарвар ва аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ)  комилан фош карда шудаанд. Филми мазкур дар асоси  далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизб ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро  мунсифона  тасвир намоянд.

Аҳолии Тоҷикистон фаромӯш накардаанд, ки ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ яке аз субъектҳои асосии барангезандаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум буд. Ин ҷанги фоҷиабор, ки миллати моро ба вартаи нобудӣ мекашид, сабаби андӯҳи гарони мардуми кишвар гардид. Дар давоми панҷ соли ин ҷанги таҳмилӣ зиёда  аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо қурбон шуданд, тахминан 2 миллион шаҳрвандон бе хонаву дар монданд, ҳазорҳо оила бепарстор монда, фарзандон ятим шуданд. Баъзе минтақаҳои мамлакат дар бунбасти иқтисодӣ монданд ва мардум гуруснагӣ мекашиданд. Аксари мардуми минтақаи ҷангзадаи кишвар аз рӯи ноилоҷӣ гуреза ё муҳоҷир шуданд. Аз рӯи ҳисобҳои тахминӣ, ба иқтисодиёти Тоҷикстон 10 миллиард доллар зарари моддӣ расид.

Натиҷаи талошу заҳматҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хомӯш кардани оташи ҷанги бародаркуш буд, ки мардуми кишвар ба рӯзҳои нек, зиндагии осуда, созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ расид. Албатта, хомӯш кардани ҷанги бародаркуш кори осон набуд, вале сарсупурдагони ватан ба хотири миллат кӯшиданд ва ноил шуданд: Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуд. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизбу хиёнаткорон баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро объективона тасвир намоянд. Дар ин филм хиёнатҳои нобахшидании сарвар ва фаъолони ТТЭ ҲНИ ва пушту паноҳи онҳо дар хориҷи кишвар боадолатона маҳкум карда шудааст.

29 сентябри соли 2015 бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ҲНИ  ташкилоти террористӣ-экстремистӣ  эътироф  гардида, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Пас аз манъи фаъолияти ҲНИ, роҳбарият ва аъзои фаъоли он ба якчанд кишварҳои хориҷӣ фирор карданд. Бояд гуфт, ки хадамоти махсуси баъзе кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ҶИЭ  ба таври пинҳонӣ ин ҳизбро сарпарастӣ ва  маблағгузорӣ менамоянд. Масалан, аз соли 2016 то 2018 сарпарастони хориҷӣ барои эҳтиёҷоти роҳбарияти ҲНИ беш аз 3 миллион доллар ҷудо кардаанд. Ин маблағҳо барои пешбурди кори иттилоотӣ, таблиғ дар сомонаҳои интернетӣ, дастгирии молиявии тарафдорон ва ташвиқотчиёни ҳизби хиёнаткор истифода шуданд.

Аз ҷумла, бо мақсади таблиғот бар зидди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон студияи телевизионии «Садои Мардум» таъсис дода шуд, ки маблағгузории умумии он 1 миллиону 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Инчунин сомонаҳои «Паём.нет», «Востокнюс», «Озодандешон», «Кимиёи Саодат», «Ахбор.ком» ва ғайраҳо созмон дода шуданд, ки  мундариҷаи  маводи онҳо пурра  экстремистӣ  аст. Аз ин рӯ, Суди Олии Тоҷикистон дар асосҳои қонунӣ оид ба баста шудани 40 сомонаи интернетии экстремистӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард. Таҳиягарони филм аз ҳақиқати таърих ҳарф зада, тамошобинро ба зиракии сиёсӣ, ба ҳимояи ҳокимияти конститутсионӣ, садоқат ба ватану миллат ҳидоят мекунад.

 

Қаюмов А.,

Ҷӯраев Ҷ,

Раҷабов Р.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *