Изҳороти Раёсати ДИС ДДТТдар шаҳри Хуҷанд оид ба намоиши филми ҳуҷҷатии  “Хиёнат”

 

Мо кормандони раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз санаи 23 сентябри соли равон дар давоми ҳафта дар толори калони маҷлисгоҳ филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Хиёнат”тамошо намудем. Пас аз намоиши филми мустанади “Хиёнат” мо хулосаҳои хешро нисбати паҳлӯҳои фаъолияти таҳрибкорона ва кирдорҳои нобахшидании роҳбару аъзоёни собиқ Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) иброз намуда, қайд менамоем, ки рӯз аз рӯз ҷеҳраи манфури ташкилоти террористӣ экстремистии (ТТЭ) ҲНИ ва роҳбари он- М.Кабирӣ аён шуда, ақидаҳои ғаразонаю тундравонаи онҳо ошкору тасдиқи худро ёфта истодааст.

Воқеан филми мазкур дар асоси далелҳои радношаванда, бо шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои собиқ ҲНИ ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро мунсифона тасвир намоянд.

Мо кормандони раёсати донишкада рафтору кирдори пайравони ТТЭ ҲНИ маҳкум карда, таъкид менамоем, ки имрӯз ҳар яки моро зарур аст, пас аз намоиши филми ҳуҷҷатӣ хулосаи зарурӣ бароварда, алалхусус ҷавонон бояд зиракию ҳушёриро аз даст надода, дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ мондан, тақозои замон аст. Бигзор, тамоми ҷавонони Тоҷикистони азиз ва берун аз марзи кишвар иқомат доранд, раъю андешаи солим дошта бошанд! Хулоса, филми ҳуҷҷатӣ “Хиёнат” комилан натиҷаи таҳлилу баррасии хубу огоҳонаи вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯзу фардо маҳсуб меёбад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *