Тоҷикистон бо Эрон муносибати дӯстона дошт, вале…

 Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолибе бо номи «ЭРОН МУҲРИ ХОМУШИРО ШИКАСТ ВА АЛАЙҲИ ТОҶИКИСТОН ВОРИДИ АМАЛ ШУД» ба нашр расид, ки навиштаи Сиддиқи Акбар мебошад. Ростӣ мо аз навиштаи бадбинонаи Сиддиқи Акбар дар ҳайрат афтодем ва ҳама хуб медонем ва аз намоиши филми “Хиёнат” ва гуфтори шоҳидон бармеояд, ки дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон то андозае гуруҳҳо ва шохаҳои таассбугарои Ҷумҳурии исломии Эрон даст доштанд. Аммо чаро бо эҳзор кардани сафири Тоҷикистон ин қадар валвалаю шур мебардоред ва дар ҳар сатр мақомоти кишварро сарзаниш менамоед. Ростӣ ин кор хуб нест ва мо бояд дар ин замон ҳушёру зирак бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Тоҷикистон бо Эрон муносибати бародарона ва дӯстона дошт, вале даст доштани ин кишвар дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва пуштибонии он аз гуруҳҳои ифротгаро мушаххас гардидааст. Кишвари Эрон дар ташкили ҷангҳои шаҳрвандӣ, бахусус дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997, ки онро бо дасти наҳзатиҳои террорист амалӣ сохт, таҷрибаи кофӣ дорад. Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ва масъулини хадамоти махсуси ин кишвар аъзоёни фирории ТТЭ ҲНИ-ро аз ҷиҳати идеологӣ дар кишварҳои аврупоӣ ва аз лиҳози омодабошии ҳарбӣ ва ҷангӣ  дар лагерҳои низомии марбут ба ин кишвар дар Эрон, Сурия, Ироқ, Лубнон, Яман ва Афғонистон таълим дода истодаанд.Чанде пештар ҷанговарони ТТЭ ҲНИ, ки дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба қаламрави Афғонистон интиқол дода шуданд. Ин воқеа ба мақсади таҳдид ва ноором намудани амнияти Тоҷикистон ва Осиёи Миёна амалӣ гардида, хатари мустақими он ба Россия низ хоҳад расид.

Баъди бо амалиётҳои хунини доир намудааш падид омадини чеҳраи аслии ин ҳизби хоин, Тоҷикистон таҳқиқ намуд, ки ҲНИ ташкилоти террористию экстремистии дастпарвари Эрон буда, дар худ ҳадафҳоеро дорад, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ ворид намуданаш аз аҳамият дур нест. Аммо ба назар мерасад, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳон ҳалли ин масъаларо ҷиддӣ нагирифтаанд.

Дар расонаҳо имрӯз аз таъсиси иттиҳоди иттиҳоди  навтаъсиси «Паймон миллии Тоҷикистон»  хабарҳо паҳн гардидааст. Ин иттиҳод на пайравони миллат ҳастанд, балки хоинону ватанфӯрушон ҳастанд. Ин як бозии навбатии найранги Муҳиддин Кабирӣ аст, ки бо супориши хоҷагони хориҷиаш амалӣ месозад. Имрӯз иттиҳоди навтаъсис бо ҳаргуна суханҳои беасосу дуруғу бемантиқи худ мехоҳанд дар Тоҷикистон соҳибистиқлол байни мардуми кишварамон зиддияту кинаю адоват барангезанд.

Воқеан ҳизби ифратгарои номбурда он вақтҳо бо дархости хоҷагони хориҷии худ низ ҷавононро ба худ ҷалб намуда, сафи худро дар Тоҷикистон зиёд намудан мехост. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд. Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш рӯи майдон омаданд. Лозим ба ёдоварист, ки моҳи сентябри соли 2015  амалҳои нобахшидании худро анҷом додани хостанд, вале нақшаҳои тарҳрезӣ  намудаи онҳо то охир амалӣ нагардид. Шояд  иттиҳоди навтаъсиси ифротгаро барои амалӣ гардонидан нақшаи нопоки худ кӯшиш карда истода бошад!?

Хулоса, набояд фаромӯш кард, ки чун имрӯз он ҳама давраҳои  вазнин  паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд, бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии  фарзанди бузургаш, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сармеъмори сулҳ, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Азимов А.,

Қобилов Н.,

Қоситов О., устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *