Филми “Хиёнат” ошкорсозандаи чеҳраҳои манфури миллату давлат

Филми «Хиёнат» дар шинохтани дӯсту душман, муқовимат бо терроризму экстремизм, ҳидояти ҳамдигар ба бунёдкорию созандагӣ метавонад ба мо сабақи бузург диҳад. Боварии комил дорем, ки ҳамдиёрони азиз ин нуктаи муҳимро хуб дарк менамоянд ва роҳ намедиҳанд, ки дар ин марзу буми пок боз бадхоҳони миллат даст ба амалҳои ношоиста зананд.

Паҳншавии бемории коронавирус, тавре болотар қайд намудем, маҷрои зиндагиро дар рӯи олам тағйир дод. Ҳатто муқтадиртарин кишварҳои ҷаҳон натавонистанд дар муқобили он истодагарӣ намоянд. Ин ҳолат водор месозад, ки мардум аз ҳарвақта дида бештар муттаҳид, аҳлу тифоқ бошанд, дар лаҳзаҳои мушкил дасти ҳамдигарро гиранд. Ҳамватанони банангу номуси мо, соҳибкорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа истода, муассисаҳои тандурустӣ, кормандони соҳаи тиб, шахсони бемор ва табақаҳои ниёзмандро дастгирӣ намуданд. Вале Кабирӣ ва думравонаш мушкилоту ғами ба сари халқ омадаро надиданд, ба кассе дасти ёрӣ дароз накарданд. Бо истифода аз хизмати хирсонаи ватанфурӯшони дар Тоҷикистон қарордоштаашон ба гӯршуморӣ дар қабристонҳо, муайян намудани шумораи мурдагон ва тӯҳмату бӯҳтонзанӣ ба давлату Ҳукумат машғул шуданд, ки бори дигар аз дасту дил ва мақсаду нияти нопок доштанашон гувоҳӣ дод. Дар рӯзи азои дигарон шодӣ кардан ба онҳо хос аст, чуноне ки дар солҳои 90-уми асри гузашта аҳли ҷомеа худ шоҳиди бевосита буданд.

Дар филми «Хиёнат» ягон чизи бофтаю хаёлӣ нест. Ҳар сухан бо овардани далели қатъӣ, навору аксу ҳуҷҷат ва шаҳодати шоҳидони замон тасдиқи худро меёбад. Падидаи ҷолиб андешаҳои худро нисбат ба Кабирӣ баён доштани ҳамдеҳагон ва хешу табору ҳамсафони собиқаш аст. Ҳар гуфтаи онҳо,  нафрат доштану ҳазар карданашон далели равшану раднашавандаест, ки ин симои манфурро бо тамоми зиштиҳояш таҷассум месозад.

Дар бораи филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» соатҳо ҳарф занем, кам аст. Зеро он ба ҳама гуна таъриф арзанда мебошад. Аз ҳама асосиаш дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яроқи тез ва аслиҳаи тавоно будани филми мазкур аст.

Ф. Тоатов,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *