Филми “Хиёнат” чеҳраи хиёнаткоронро фош кард

Чанде пеш тавассути телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ филми мустанади «Хиёнат» ба намоиш гузошта шуд. Перомуни мазмуну муҳтавои он дар воситаҳои ахбори омма даҳҳо мақола ба табъ расид, чандин муроҷиатномаҳо қабул шуданд ва айни замон ҳам мардум филми «Хиёнат»-ро тамошо карда, андешаҳои худро бобати мазмуну муҳтавои он баён медоранд.

«Хиёнат» дар баробари инъикоси воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта парда аз рӯи амалҳои зишт, хоиниву ватанфурӯшии як зумра душманони миллату давлат ва ташкилоти террористию экстремстии Ҳизби наҳзати ислом мебардорад. Нишон медиҳад, ки Муҳиддин Кабирӣ ва як гурӯҳ ҳаммаслакони ӯ чӣ гуна инсонҳои нопок ҳастанд, дар самти ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шудани Тоҷикистони соҳибистиқлол, қатлу куштори ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ, талаву тороҷи моликияти шахсию давлатӣ ва вайрону валангор намудани садҳо маҳалли аҳолинишин чӣ амали нангинро ба ҷо овардаанд.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо, вазъи ноороми сайёра, тағйир ёфтани раванди зиндагӣ бар асари паҳншавии бемории коронавирус ва арафаи маъракаи муҳими интихоботи Президенти кишвар таҳия гардидану намоиш дода шудани ин филми мустанад иқдоми хеле ҷолибу саривақтӣ буда, аз дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизби мо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол қабл, зимни мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар вобаста ба хатарҳои замони муосир изҳори андеша намуда, аз ҷумла чунин гуфта буданд:

«Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам  торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд. Зархаридону хоинони миллат, ки имону мазҳаби худро фурӯхтаанд ва тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони хориҷии солҳои 90-умашон бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабаранд, ки теша бар решаи хеш мезанад. Мардуми тоҷик инро бояд донанд. Маҳз барои ҳамин ман доим таъкид мекунам, ки мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем».

Пешвои  муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам махсус таъкид карданд, ки шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ имрӯз ҳам  паст нашудааст. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткоии муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.

    Д. Ҳомидова

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *