Мамлакати биҳиштосо ва соҳибистиқлоли мо зери роҳбарии хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои бемайлон ноил шуда истодааст.
Мардуми меҳнатқарин ва мутамаддини мамлакатамон сиёсати дохиливу хориҷии роҳбари дилсузамонро дастгирӣ намуда, кӯшиш менамоянд саҳми худро дар рушди минбаъдаи кишвар гузоранд. Вале бар замми ҳамаи ҳамин пешравиҳоямон нигоҳ накарда ашхосе пайдо мешаванд, ки ҳанӯз ҳам пешравии Тоҷикистонро на ин ки чашми дидан надоранд, балки мехоҳанд бо истифода аз тамоми воситаҳо барои рушди он монеа эҷод кунанд. Ин тоифа бо дастгирии моддиву маънавии хоҷагони хориҷиашон ҳар гуна созмону паймонҳо ташкил намуда, барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои хоҷагони худ саҳм мегузоранд.
Ба ин зумраи шахсиятҳо метавон як нафар хоинро бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин шомил намуд, ки бо тамоми ҳастии пасту палидаш нисбати Тоҷикистону мардумаш нафрат дорад ва доим аз дур истода ба сӯи ҳаммилатони хеш сангпартоӣ мекунад. Нисбати ҷиноятҳо ва хиёнатҳои ӯ чандин маротиба дар васоити ахбори омма матлабҳо ба нашр расидаву парда аз рӯи аҳриманонаи ин иблис бардоштаанд. Чанде пеш тариқи воситаҳои ахбори омма филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Бешарафӣ» намоиш дода шуд, ки бори дигар мардум аз кирдорҳои манфури М.Садриддин огоҳӣ пайдо намуда, шахсияти ин палидро хуб шинохтанд. Муҳаммадиқболи Садриддин, ки даъвои ватандӯстиву адолат мекунад, вале ба дарки ин мафҳумҳои муқаддас ҳеҷ ҳеҷ оно нест ва набуд. Фаъолияти сиёсии оппозитсионӣ танҳо як афъоли намоишкоронаи ӯ буда танҳо бо ин васила худро фиреб медиҳад ва ҳеҷ гоҳ мардуми мамлакати мо аз ҷумла ҷавонони худогоҳ ба суханони ӯ бовар намекунанд.
Аз рӯи шоҳидии шахсони ба ӯ наздик, алалхусус ҳамсоягону шиносон маълум мешавад, ки ӯ як қаллоб буда, аз одамон садҳо ҳазор доллар қарздор будааст. Маҳз ба фаъолияти сиёсӣ даст заданаш ҳам танҳо як ҳадаф дошта: аз қарздорон фирор кардан ва онҳоро фиред додан мебошад. Барои ин гуна ашхос ҳеҷ муқаддасоте вуҷуд надошта, фоидаи шахсӣ, даромади муфт ва дуздиву фиребгарӣ принсипҳои асосии ҳаёти ӯ гардидаанд.
Мусаллам аст, ки мардуми кишвар ватанфурӯшиву миллатфурӯшӣ ва мазҳабфурӯшии нерӯҳои зиддиконститутсионии дар хориҷи кишвар фаъолияткунандаро хуб медонан ва ошкор гардидани ҳолатҳои нави қаллобиву фиребгаронаи М.Садриддин барои мо нав ҳам нест.
Мо боз ҳам боварии комил дорем, ки ҳолатҳои нави қаллобии ин марди разил ошкор хоҳанд шуд. Зеро ин кор дар тинати ӯ доим нуҳуфта буда ва ин табиати аслиимебошад.
Чуноне, ки дар филми «Бешарафӣ» мебинем ҷиноятҳои нави хоинон ошкор шуда дар баробари ватанфурӯшӣ ин хоинон намуди нави тиҷорат-танфурӯширо низ аз худ кардаанд ва дар ин самт таҷрибаи бой низ доранд. Бо шунидани ва огаҳӣ пайдо кардани ин кирдорҳои ғайриинсонаи Муҳаммадиқболи Садриддин кинаву нафрати шахс нисбати ин ваҳшӣ боз ҳам дучанд мегардад. Ин нафар бо доштани гузаштаи «рангин» бо қумондонҳои афғон ва ҳамҷинсгароияш боз даъвои мусалмониву имондорӣ мекунад. Бо ин ҳол ӯ худро насиҳаткунандаву даъваткунанда меҳисобад, ки шармандагии бениҳоят бузург аст. Наход ӯ бо ҳамаи ин амалҳояш то ҳол фикр кунад, ки миллати куҳанбунёду суннатии тоҷик ба ин ҳамҷинсгаро ва қаллоб бовар мекунанд? Дигар мардуми бонангу номуси мо ҳушёру зираканд, ин гуна масхарабозоне мисли Муҳаммадиқболи Садриддин ин миллатро шарафмандро дигар фиреб карда наметавонанд. Ҷунбишу ҳаракатҳои мухолиф, ки дар хориҷи кишвар бо дастгирии бевоситаи молиявии дигар давлатҳо фаъолият мекунанд ва мақсади ноором кардани ҷомеаи моро доранд, қудрати дидани пешравиҳову комёбиҳои Тоҷикистонро надоранд ва бо ҳар роҳ кӯшиш мекунанд, ки ваҳдату ягонагии моро аз байн баранд.
Ба ин хоинон, бадтинатон ва душманони миллати куҳантаърихи тоҷик муроҷиат карда, гуфтанием, ки шумо ҳеҷ вақт ба ин мақсадҳои нопоки хеш ноил намегардед. Зеро мо мардуми башардӯст ва огаҳи Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ чунин ҳаёти орому осуда ва давлати ободи хешро ба дасти душманони ватанфурӯши хеш намедиҳем. Қувваи мо дар ваҳдат ва ягонагӣ буда, ҳамаи суханҳои туҳматомези шуморо маҳкум карда, гуфтанием, ки бар замми ҳамаи ин тӯҳматҳои шумо мо боз ҳам иқтидори наву тозаро соҳиб шуда, дар атрофии Пешвои миллат муттаҳидтар мешавем ва давлати худро беш аз пеш гулгулшукуфон мекунем.
Ҷураев М.Б. – ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит