Фикру ақоидҳо роҷеъ ба филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ»

Мақсад аз тамошои филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» таҳқири касест ва дидани вақеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон бо нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандаеро боқӣ гузоштааст. Дарвоқеъ ҳар бинанда баъд аз тамошои ин филм ба пуррагӣ аввал ба амалҳои нопокизагии наҳзатиён ошно мегардад. Филми мустанади “Бешарафӣ” як оинаеро мемонад, ки тамоми зишткориҳои аъзоёни нохалафро дубора бозгӯ мекунад. Ҳар фарди солимфикр аз тамошои ин филм дарк мекунад, ки бо ҳар гуна баҳонае шахсоне худро муллову қории донандаи хонандаи Қуръон меҳисобанд, лек ин гуна нохалафон ба таҷовуз (новобаста аз ҷинс) машғуланд. Ин кирдори ашхосе аз наҳзатиёни ношукру хоин ба қадри бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона ҳеҷ гоҳ расида наметавонанд, чунки идеологияи онҳо ин мафҳумҳоро истисно мекунад ва онҳо бо рафтори ношоистаи худ инсонигариро вайрон месозанд. Ҳадафу мақсади ниҳоии онҳо ҳамеша  истисмори омма, сӯиистифода аз боварии мардум, иғвоангезӣ ва бегонапарастӣ мебошад. Ҳамин мақсаду ҳадафҳои нопоку бадашон боис аст, ки онҳо ҳаргиз ба мақсад нахоҳанд расид.

Ҳамчунин тамошобинон баъди дидани ин филм симои аслии Муҳаммадиқболи Садриддинро бо далелҳои раднашаванда мешиносанд. Заҳмати омодасозони филми “Бешарафӣ”-ро бояд ҳар як бинанда таҳлил кунад. Зеро ҳар тамошобин баъд аз тамошои филми “Бешарафӣ” дар афкори худ ҳисси бад дидани ифротгароёни миллатро бедор мекунад.

Албатта, ҷомеаи Тоҷикистон, ки  Истиқлоли давлатӣ ва ҳадафҳои миллии худро ба даст овардааст, амалҳои ношоиставу бешарафонаи чунин ашхосро бо тамоми шаклҳо ва мавҷудияташ маҳкум намуда, дар ҳар шароит арзишҳои миллиамонро боло медонад ва аз ин гуна ашхосон ҳимоя менамояд.

Бояд ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар дар замири хеш ҷой кунад, ки амалҳои ваҳшатбори аъзоёни ТТЭ ҲНИ нобахшиданӣ ва нафратоваранд. Зеро онҳо дар тамоми фаъолияти хоинонаи худ дар валангор кардани Ватан, пароканда намудани аҳолии кишвар ва гуреза намудани шаҳрвандон саҳм гузоштаанд. Онҳо ҳамеша чун душмани рақами яки миллати тоҷик ба тамоми пешрафту дастовардҳои мо ҳасудӣ нишондода, ҳамеша баҳри он мекӯшанд, ки миллатро пеши дигарон паст зананду номи тоҷикро назди дигарон сиёҳ созанд. Вале чуноне ба мо маълум аст, ки ҳамеша тири ношуди онҳо бахато рафта, ҳамеша ба сари худашон мезанад. Табиист, ки онҳо ҳамеша бо сиёҳ намудани дигарон худашонро ва узви вобастаашонро бо ҳар роҳе, ки байнашон шаклу шамоил мегирад сиёҳ мекунанд.

Чун амалҳои ваҳшиёна ва ғаразноки аъзоёни ТТЭ ҲНИ собит месозад, ки онҳо аслан ҳеч вақт дар фикри оромию ободии Ватан набуда, пайваста баҳри розӣ кардан аз худ, хоҷагони худ ба вайронкорию сиёҳ кардани мардумони кишвар машғуланд.

Филми “Бешарафӣ” аз он зовия диданаш барои шаҳрвандони кишвари сулҳофарини мо муҳим аст, ки он инъикоскунандаи ҳақиқати нанговар буда, симои террористон – хоинони Ватан, бахусус Кабирию Муҳаммадиқбол барин ашхосони беномус ва тарафдоронашро барҷаста ифода мекунад. Бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ва хештаншиносӣ ҳар шаҳрванди кишвар муваззаф аст, ки хоинони миллатро дуруст шиносад ва донад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳеҷ гоҳ дар пайи ободиву оромии Ватани мо набуда, ҳамеша ҳадафи аввалиндараҷаашон бо фиребу найранг мардумро ба роҳи хурофоту бегонапарастӣ даъват намудааст.

Бо пахши ин филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” тавассути шабакаҳои телевизионии СМ-1, Азия, Диёр, Салом ва Танин  бори дигар аз кирдору рафтори ин хиёнатпешагон ҳама огоҳ шуданд ва ба дурустӣ мақсадҳои онҳоро мардуми тоҷик дарк карданд.

Фикр мекунам, ки бо тамошои ин филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” хоҷагони Кибириву Муҳаммадиқбол дигар ҳамсафонаш аз гулӯҳояшон об нагузашта, мӯй аз сару рӯй кандаву дарун ба дарун сӯхта истодаанд, ки маблағҳояшон дар як “ҳоҷатхонаи истифодаи умум” партофта ва масраф шудааст. Зеро баъди пахши ин наворҳои видеоӣ нақшаҳои кашидаашон ҳамагӣ ба бод рафтанд.

Фаромӯш набояд кард, ки дар ҳар давру замон халқиятҳо ва қавмҳо бар ивази ҷону тан барои пос доштани забон, урфу одат, расму оин, сарҷамъию иттиҳодӣ ва бунёди давлати мустақил талошҳо мекарданд. Мардуми тамаддунофари тоҷик аз давраҳои дури таърихӣ бо фарзандони фарзонаи худ ҳамеша арзишҳои волое, ки дар боло зикрашон кардем, бар зидди душманони аҷнабӣ мубориза мебурд ва онҳоро содиқона, бо таваҷҷуҳи хос нигоҳ медоштанд.

Баъд аз мушкилотҳои вазинини таърихӣ, ки беш аз ҳазор сол мардуми тоҷик зери азобу шиканҷаи аҷнибиён қарор дошт, Яздони пок шахсеро аз батни модаре рӯи олам овард, ки орзуву ормони деринтизори миллати тоҷикро амалӣ сохт. Аз модаре, ки ин шахсияти мӯътабар зода шуд, ӯро “Модари наҷотбахши миллат” гӯем ҳам хато намекунем.

Ин марди ҷонфидои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар баробари Сарвари давлат интихоб гардиданашон маълум буд, ки барои сарҷамъии ин миллат ҳатто ҷони худро дареғ намедорад. Маҳз ҳамин сарсупурдагӣ ва азхудгузариҳои Пешвои миллат буд, ки мо мардуми тоҷик ба ин рӯзҳои нек насиб гардидем.

Дар ин миён тамоми халқи тоҷик ба ҳиллаву дассисаҳои якчанд наҳзатӣ ва гурӯҳҳакҳои хиёнатпеша ба ҳеҷ ваҷҳ дода намешаванд. Зеро дар солҳои навадум зарбаи он тири хиёнаткориро хӯрдаанд ва аз ҳамин лиҳоз дастовардҳои ба дастомадаро бо тамоми ҳастияшон ҳифз менамоянд. Ва дар зери сиёсати Пешвои миллат ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ гардида, бар зидди ҳама таҳдиду хатаре, ки ба Ватан, миллат ва давлат мекунад, мубориза мебаранд.

 Дотсент Манонова Р.А.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *