Ба ҳамагон мусаллам аст, ки дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол 8 ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуда, амал мекунанд. Яке аз ин ҳизбҳо ин ҳизби наҳзат мебошад. Чӣ сабаб шуду ин ҳизбро ҳамчун ҳизби сиёсӣ расман ба кайд гирифтанд, ё ин ки дар аввал мардуми тоҷик ба таври кофӣ аз моҳияти он бархурдор набуд, ки имруз яқинан мардуми тоҷик фаъолияти ҲНИ-ро дар ҳудуди кишвар намехоҳанд. Зеро имрӯз мо дар асри 21 қарор дорем.
Асре, ки мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, ки мо дар бораашон афсонахонӣ дорем, илман мекушоянду фатҳ кардан доранд. Муллоҳои мазҳабию ҳизбию лоҳизбии мо бошад, ҳамоно сари баҳси ришу ҷелаку сатру ангушти ишора ва фосила пойҳо аснои намоз муноқиша доранду мунозира. Ва мехоҳанд, ки наврасону ҷавонон низ идомадиҳандаи ин «амали солеҳ»-и онҳо бошанд.
Шогирдонашон аллакай ҳосили боғи «мурид»-иро дар «размгоҳ»-ҳои Сурия чида истодаанд. Аз ин ҷост, ки пайдо кардани «раҳбаре мутааллиқ ба ҳамаи мусулмонҳо» орзуест, ки ҳаргиз ҷомаи амал ба бар нахоҳад кард. Бори дигар ва такроран гуфтаниам, ки вақте дар асри 21 моро бо ғояҳои давраи тавлиди Ислом пеш бурданӣ мешаванд, дигар чӣ метавон гуфт? Ин роҳ танҳо сӯйи ҷаҳолат асту торикӣ. Тамом, вассалом.
Агар Муҳиддин Кабирӣ дар симои худаш чунин раҳбареро мебинад, барномаҳояшро пешниҳод созад. Шояд мардумро (ва пайравони тамоми шохаҳои исломро, ки аз ниҳояти ҷаҳлу бесаводӣ ба наздики сад шоха расидаанд) қонеъ карда тавонад ва он гаҳ ману дигарон низ аз пасаш равона хоҳем шуд. Дар ҳоли ҳозир бошад, дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва махкум намудани терроризму экстремизм.
Мо хуб медонем, ки дар шароити имруза дар Ватани азизи мо- Тоҷикистони ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурўҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънии ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористи гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои милли, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷу амони ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромўш месозанд. ҲНИ мисоли гуфтаҳои болост. Агар дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш наонқадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он бо мақсади амали намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст.
Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир бо шарофати расонаҳои алтернативие чун интернет, баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ҲНИ ва роҳбари он ошкор мегардад. Барои ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.
Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд? Боки, ин тоифаро инсоф диҳад, бигузор як хулосаи даркории худро дар мавриди аз даст кашидан аз ҳизб ва ё умуман пош додани он бароранд.
Онхо бояд ҳис намоянд, ки дар ҳақиқат ин ҷой ягон гап ҳаст, яъне мардум ҳамту ба рафти фаъолияти имрузаи ҲНИ беҳуда таваҷҷўҳ зоҳир накарда истодааст. Мардум дигар тарафдори терроризму экстремизм нест, дигар ҷангу хунрезӣ намехоҳад.
Мутахассис оид ба лоиҳаҳои инноватсионӣ
Абдурашидова М.А.