Изҳорот оид ба фаъолияти ҳизби манъшудаи ТЭТ ҲНИ

Агар мо солҳои ҷанги шаҳрвандии кишварро ба ёд орем, мебинем, ки маҳз бо таъсиррасонии ҳизби террористии ҲНИ ва пайравони ӯ ҷараёнҳои «ваҳобия ва салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон» ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мардуми Тоҷикистон бо гурӯҳҳо ҷудо шуда, кишварро ба дараҷаи фалаҷшавӣ расониданд, мардуми Тоҷикистон фирорӣ гардид. Падар бо писар, духтар бо модар ва бародар бо бародар душман шуданд. Тариқи садову симо гиряю мотами зани тоҷик дили бинандаро реш-реш мекард. Тавре ки вақтҳои охир пурра маълум шуд, ин ҳама бесарусомониҳо аз ҷониби ҲНИ ва пайравони он сар задааст.

        Солҳои охир аъзоёни ин ҳизби ифротиву террористӣ теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидоштаро содир намуда, боиси халалдор намудани ҳаёти осоиштаи мардум  гардиданд. Ин равияҳои номатлуб давлатҳои абарқудрати тамоми гўшаю канори ҷаҳонро ба доираи манфиатҳои ҳаётан зарурии худ дохил менамоянд. Ҳодисаҳои дар Ироқ, Миср ва Сурия нишон дод, ки гурўҳҳои ифротии динӣ ҷалби ҷавононро ба ин давлатҳои ба ном исломӣ таъмин намуда, вазъи сиёсии оламро ноором месозанд. ҲНИ ва ҳаммаслаконаш мехоҳанд ҳокимияти сиёсиро ба даст оварда, тоҷиконро ба тарзи зиндагонии асрҳои Миёна бозгардонанд.

        Барои инсон хоҳ зан бошаду хоҳ мард беҳтарин хислат доштани одоби накў аст, зеро Қуръони карим саропо одоб аст. Имрўзҳо намояндагони  дини ҷаҳон дар ҳайратанд, ки чаро исломи поку беолоишро ба гурўҳҳо тақсим намуданду якдигарро террор мекунанд.

Ҳинду Чин 150 Худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду ба тариқи сулҳу якдили зиндагӣ мекунанд. Мо, мусулмонон 1-Худо, 1-Пайғамбар ва 1-Қуръон, ки Алберт Эйнштейнт дар васфи он мегўяд: “Қуръон китоби ҷабр ё ҳандаса нест, маҷмўе аз қавонин аст, ки башарро ба роҳи саҳеҳ, роҳе, ки бузургтарин фалосифа ва донишмандони дунё аз таъриф ва таъйини он оҷизанд, ҳидоят мекунад” дорем, вале пайваста дар тазодди якдигар қарор дорем ва бо таъсиррасонии гурўҳҳои ифротӣ дини мубини исломро ҳамоно доғдор мекунем.

Исломи нобу таълимоти покиза аз бузургони мо Салмони Форс, Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ ва дигар нобиғаҳои миллати тоҷик, ки дар рушду нумўи илму маърифати исломӣ саҳми босазо доранд ба мо ёдгор мондааст.

        Дар таърихи 29-январи соли 2016 сохтори минтақавии зидди террористии созмони ҳамкории Шанхай созмони террористӣ- экстремистӣ ҲНИ-ро таҳти рақами 79 ба рўйхати ташкилотҳои террористӣ ворид намуд, яъне 8 кишвари бузурги ҷаҳон ташкилоти террористӣ будани ҲНИ-ро эътироф кардаанд.

Мақсад аз зикр намудани гуфтаҳои боло аз он иборат аст, ки мардуми азияткашидаи Тоҷикистон як маротиба дар доми фиреби ҳомиёни ҲНИ ва пайравони он афтида буданд ва беҳтарин фарзандони фарзонаи миллатро аз даст доданд, имрўз вақти он расидааст, ки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ин гурўҳҳои номатлуб муборизаи беамон бубарем. Вақти он расидааст, ки дини покамонро аз нигоҳҳои ғаразноку ақидаҳои ботил ҳифз намоем ва баҳри ҳимояи обрўю эътибори он саъю кўшиш намоем. Бузурге фармудааст:

Кас агар дўст надорад Ватан, имонаш кў,

Дўстдории Ватан фарз, агар виҷдон аст.

Агар дўст доштани Ватан фарз бошад, биёед баҳри амну суботи Тоҷикистони азизамон, зиндагии осоиштаи мардум ҳиссаи арзандаи худро гузорем, нагузорем, ки нохалафе амну суботи кишвари азизамонро халалдор созад.

Бурҳонов С, Шарипов Д.,
устодони кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *