АНДЕШАҲОИ НОСОЛИМИ АЪЗОИ ТТЭ ҲНИ М.САДРИДДИНРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

 

Имрӯз М.Садриддин мисли як савдогари кӯчаву бозор, ки дар ҷомеаи мо ягон мавқеъ надорад, тариқи барномаҳои таҳрезишудаи  шабакаҳои иҷтимоӣ барои бадном кардани Тоҷикистон ба иғвову дасиса машғул аст. Ӯ дастовардҳои кишвари моро нодида гирифта, бо буҳтону суханҳои пуч бадном карданист. М.Садриддин, ки дар хориҷа қарор дорад ва аз вазъи кишвари мо огаҳӣ надорад. Ин зархариди хориҷӣ  бояд бидонанд, ки Тоҷикистонро имрӯз кулли мардуми олам бо фарзандони сулҳовару ташаббускораш эътироф намуда, ҳусни таваҷҷӯҳ доранд. На бо хоинону ватанфурӯшон. М.Садриддин худро “адолатпарвару озодандеш” мешуморад, бояд андешаи солим кунад…  Кист ӯ? Ва кадом амалҳои некашро халқи тоҷик медонад ва дар арсаи байналмилалӣ ба ғайр аз хоҷии хориҷиашон боз кадом ашхос ӯро мешиносад?

Мо огаҳ ҳастем, ки имрӯз низ муассисони чанде аз ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсис бо баҳонаи ҳифз кардани дин ва аҳли тақво ба баъзе аз ташкилоту созмонҳо ба номи хайриявии мамолики дигар, аз ҷумла, давлатҳои исломӣ муроҷиат менамояд. Дар чунин вазъият давлатҳои исломии ба мо «дӯсту бародар» ин равандро истифода бурда, бо тезӣ ва мақсаднок онҳоро амалӣ намуд истодааст. Хотиррасон бояд кард, ки наҳзатиён ақидаву фаҳмишҳои хоси худро доранд ва ҳамеша мекӯшанд, ки ҳамагон аз рӯи ақидаҳои онҳо амал кунанд. Масалан, тарзи либоспӯшӣ, намозхонӣ, ба эътибор нагирифтани мавқеи занон, ҳамеша ба ҳамагон бо чашмони шубҳанок нигаристан ва ғайра. Хулоса, мо ҳамаи гуфтаҳои М.Садриддинро инкор ва маҳкум намуда, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меоварем, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушти устувори иқтисодиёти ҷумхурӣ саҳми худро гузошта, ҷашни таҷлили 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо дастоварди назаррас сазовор пешвоз мегирем.

Усмонов О. -мутахассис оид

ба карьера ва таҷрибаомӯзӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *