ҶАВОНОН ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРИМИЗМИ ДИНӢ

 

Экстримизм ва терроризми динӣ дар тамоми намуди изҳори фаъолияташ, яке аз муаммои замони муосир баҳисоб рафта ба бехатарӣ ва амнияти халқу миллат таҳдид мекунад. Дар шароити имрӯза терроризм ва экстримизм бо намудҳои гуногун ба фаъолияти ҷамъият таъсир мерасонад: дуздии одамон, гаравгирии шахсият, таркиш дар муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва ғ. Аз ҳамин лиҳоз ҳалли муаммои терроризм ва экстримизми динӣ дар шароити имрӯза – яке аз вазифаҳои асосии ҷамъият, халқу миллат ва инчунин ҷавонони ҳимоятгари давлати соҳибистиқлол баҳисоб меравад.

Афсӯс, ки таҳдиди терроризм ва экстримизми динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ба чашм мерасад. Имрӯзҳо мо аз оинаи нилгун, газетаю маҷаллаҳо оиди амалиётҳои гурӯҳҳои терористӣ, оиди ошкоркунии аъзоёни гурӯҳҳои дини – экстримистӣ ахборотҳои гуногун мешунавем.

Албатта то имрӯз корҳои зиёде оиди пешгирии терроризм ва экстримизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шудааст, аммо мо ҷавонони имрӯза набояд бетараф бошем ва ҳушёриро аз даст диҳем. Имрӯз мо ҳамчун ҳимоятгари халқу миллат, Тоҷикистони худро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Тоҷикистон дар байни давлатҳои ҷаҳон бояд, ки яке аз давлатҳои бехатар, мустақил ва соҳибистиқлол муаррифӣ карда шавад.

Ҷавонони замони муосир, ҳамарӯза  дар ҳимояи хонаводаи худ, ҳамсояи худ, ҳамсабақи худ бошанд. Онҳоро аз амалҳои ғайри қонунӣ пешгирӣ намоянд, ба гурӯҳҳои гуногуни ғайриқонунӣ ҳамроҳ нашаванд, аз мавҷудияти ин гурӯҳҳо хабардор намоянд то, ки бехатарии миллати худро таъмин намоянд.

Дар солҳои охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ бо ватанпарастони ғамхори кишвар, чандон амалҳои ғайриқонунии ҳизби наҳзати исломро ошкор ва дастгир намуданд.

Аз тарафи мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани амалиётҳои терористӣ ва экстримистӣ амалиётҳои самаранок иҷро мегардад, аз ҷумла ташкил ва такомули қонунгузорӣ.

Танҳо бо фаъолият ва амалиётҳои мақомотҳои давлати таҳдиди терроризм ва экстримизмро гум кардан номумкин аст. Аз ҳамин лиҳоз бо мақсади ҳимояи ҷамъият ва халқу миллат бо ҳамкории ҳамдигар ин амалҳои ғайри қонуниро пешгирӣ ва бартараф намуда Тоҷикистони азизи худро ҳимоя намоем.

Ашӯрова А.,

ассисент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *