ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромадҳои иғовогаронаи хоини миллат-М.Садриддин дар сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет”(аз17.11.2024)

Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд тибқи расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ки хоинони миллал, алалхусус яке аз пайравони наҳзат, афроде бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки бар ивази луқмаи ҳаром ҷиҳати иҷрои супоришҳои роҳбарияти паймони худсохтаи наҳзат-Паймони милли ва хоҷагони аҷнабии тоҷикситезашон, чун доғи сиёҳ зуҳур карда, бешармона, тавассути сомонаи ифротӣ “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”, барои амалисозии ҳадафи нопокашон нисбати кишари мо хиёнатомез, бо навбат бо думравонашон баромад менамояд.

Чунончи, санаи 17 ноябри соли равон М.Садриддин бо ҷалби думравонаш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев ва Муҳаммадамин дар барномаи зикршуда бо равиши таблиғоти ифротиашон баромад намуда, мехоҳанд зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳанд. Боробари ин, наворҳоро оид ба ҳаёти муҳоҷирони меҳнатие, ки дар қаламравии Федератсияи Русия иқомат доранд, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” намоиш дода, бо таври худ беасос маънидод намуданд. Ба андешаи мо ин гуруҳаки бадхоҳ агар раҳмдил мебуданд,таънаи давлати Русия накарда, ба муҳочирони кумаки амалӣ расонда натовонад ҳам, сухани самимона мезаданд хуб буд. Вале, баракси ҳол ба ҷои дастгирӣ давлати зикршуда ва ҳам нисбати муҳочирону шаҳрвандони кишвар суханҳои беасосу ноҷояро пеша карда, имруза қазияи Абхазияро мисол оварда мехоҳанд бо ин васила шаҳрвандони моро ба мубориза даъват намудан кушиш доранд. Хулоса, ин баромади навбатии бадхоҳони милат чун солҳои қаблӣ хоинона аст. Бояд қайд кард, ки таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори бадхоҳони миллат ва хоҷагони онхо дуруст андеша кунем. Мо бояд пеш аз ҳама ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки хиёнаткорони миллат дар барномаҳои ифротиашон нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухани қабеҳ гӯянд.

Дар фарҷоми изҳороти хеш таъкидан хотиррасон менамоем, ки таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандил!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *