Экстремизми динӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он !!!

      Экстремизм дар шакли истилоҳи «ифротгароӣ» дар чанд соли охир дар маҳдудаи коршиносии ватанӣ мавриди корбурд гирифта истодааст. Ифротгароӣ аз решаи арабии «фарт» ба маъниҳои пешдастӣ ва аз ҳад даргузаштан, чира шудан, таҷовуз аз ҳадду андоза, зиёдаравӣ, ифрот ва таҷовуз аз чизе, ҳамчунин дар шакли ифрот ба маъно аз ҳад гузаштан,  зиёдаравӣ омадааст.

        Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 чунин таъкид шудааст: «Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем».

       Сарнавишти миллат дар ҳама давру замон ба кайфият ва чигунагии вазъи ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ вобастагӣ дорад. Решаю омилҳои бурузи ифротгароӣ ва ба истилоҳ экстремизми динӣ – мазҳабӣ, қабл аз ҳама , дар ақибмондагии саросарии иҷтимоӣ зоҳир мегардад.

       Мушкилиҳои  иқтисодӣ  ва  иҷтимоии ҷомеа, зиёд шудани аҳолӣ ва мушкилоти бозори меҳнат аз омилҳои калидӣ дар гароиши аҳолӣ ва ба вижа ҷавонон ба ҷараён ва ҳаракатҳои тундрав мебошад. Мавҷудияти шабакаҳои маблағгузории фаъолияти мубаллиғони ақидаҳои ин гуна ҷараён ва созмонҳо дар дохили кишвар ва дар кишварҳое, ки муҳоҷирони кории моро мепазиранд, наметавонанд боиси нигаронии мо нашавад. Аз таҳлили ахбори расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ метавон ба хубӣ дарк намуд, ки вазъи душвори муҳоҷирони корӣ ва фазои бегонаи диниву фарҳангӣ ҷавонони кишварҳои минтақаро барои шомил шудан ба созмонҳои ифротгаро ҷалб менамояд.

       Дар давраи гузариш раванди бозбинии суннат ва арзишҳои куҳна ва ба вуҷуд омадани арзишҳои нав сурат мегирад. Ҷомеаи мо имрӯз маҳз дар ин давраи ҳассос ва осебпазир қарор дорад.

        Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, кӯҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рӯи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.

       Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

        Имрӯз бархе аз ҷавонони мо, ки саводи динии хуб надоранд,ҷиҳодро нодуруст фаҳмида, мазмуни онро дар тарконидану нобуд кардани худ мебинанд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ зеҳнияти ҷавононро ба он равона созем, ки ҷиҳод мазмуни васеъ дорад, яъне ҷиҳод ба хондан, ҷиҳод ба зиндагии шоиста, ҷиҳод ба рушди ақли солим, ҷиҳод ба хидмати падару модар….

        Барои пешгирӣ намудани ҷавонон аз гароиши ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, моро зарур аст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоем. Танҳо тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯриву мулоқотҳо аз як гиребон сар бароварда, тамоми қишру табақаи ҷомеа бахусус, гурӯҳи ходимони дин садди роҳи ин вабои аср шуда метавонанд.

      Хулоса , вазифаи  ҳар  як шахси ватанпараст , миллатдӯст ва мусулмон , ба хусус ҷавонон, аз он иборат аст, ки ба чунин равияҳои номатлуби замони муосир ба монанди радикализм (тундгароӣ), экстремизм (ифротгароӣ)  ва терроризм пайрав накарда, барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақили тоҷик ҳамеша саъю талош варзанд.

       Барои мубориза бо ҷараёнҳои экстремизм ва терроризм чунин пешниҳодҳоро муфид мешуморем:

  • Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба роҳҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм ва оқибатҳои нангини он доими ба роҳ монда шавад;
  • Сиёсати давлатии дастгирии ҷавонон оид ба ғояҳои пешбарандаи ҷомеъа доимӣ мавриди амал бошанд;
  • Вобаста ба омилҳо ва шароитҳои мусоидаткунандаи ба падидаҳои номатлуб аз ҷумла экстремизм ва терроризм муборизаи беамон бурда шавад.

Нодирҷон Ҷалолов,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *