Дар шароити феълии рушди ҷомеаи башарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ташкилотҳову ҳизбҳои гуногун таъсири худро кӯшиш карда истодаанд расонанд. Аз вазъияти ҳассос истифода бурда, баъзе гурӯҳҳои фитнаангезу дасисабоз бо шиорҳои баланди бунёди фарҳанги демократӣ сайъ карда истодаанд, ки ба вазъи осоиштаву оромии Тоҷикистони азизамон таъсири хешро расонанд.
Тоҷикистониён аз натиҷаҳои ҷангҳои шаҳрвандӣ сабақи талх гирифтаанд ва намехоҳанд, ки ватани азизи худро дигарбора ба шӯълаи оташ кашида, сарсону саргандон дар ҷӯстуҷӯи макони тинҷ гарданд.
Аҳли кафедаи иқтисодиёти ҷаҳони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон тамоми ҳаракатҳову анҷуманҳое, ки аслан мақсади норавшан доранду аз беруни кишвар истода, ба ҷомеаи кишвар арзишҳои бо ном демократиро ба мо насиҳат менамоянд, қатъиян маҳкум намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки устодон ва ҷавонони арҷманди диёрамон дар сафи тарафдорони сулҳу ваҳдат устувор ҷой бигиранд ва барои ободии ватани азизамон сарбаландона заҳмат кашанд.
Мо ҳама тарафдори сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардуми кишвар ҳастем ва набояд фирефтаи афкори бегонагон гардем. Арзишҳои демократӣ заруранд, аммо барои миллати сарбаланди тоҷик дар шароити кунунӣ бештар ҳифзи арзишҳои миллӣ пураҳамият буда, барои устуворию пойдории кишвари азизамон хеле муҳиманд. Тоҷикистони азизи мо паёмадҳои ҷанги нангини шаҳрвандиро нав аз байн бурда, ба роҳи устувори тараққиёту пешрафт қадами устувор мегузорад, ки мутассифона бархе аз кишварҳо ва нотавонбинҳо таҳаммули дидани ин ҳама комёбиву дастовардҳои моро надоранд. Биёед, ба қадри сулҳу вҳдат расида, барои фардои ободи Ватан сарбаландона заҳмат кашем.
Аҳли ҷомеаи кафедраи
иқтисодиёти ҷаҳони ДИС ДДТТ