МАҚСАДИ ТТЭ ҲНИ – ИН ХИЁНАТ БА МИЛЛАТУ ДАВЛАТ АСТ!

Боиси афсӯс аст, душманони ғаддори бани башар дар ҳама марҳилаҳои таърих арзи ҳастӣ доранд ва ҳеҷ аз таҳрибкорию зулму асорату даҳшатафканӣ даст намекашанд. Масалан Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ТТЭ ҲНИ-Паймони миллӣ (ПМ) ва муовинаш Алим Шерзамонов дар иғвоангезии навбатиашон, роҷеъ ба фазилати Рамазон ва дигаре оид ба вазъи Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷилвасозӣ намуда, мисли пештара ба суханпардозиву дурӯғпаҳнкунӣ машғул шуда, пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ҷаҳду талош дошта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Бидуни шак Кабирию Алим Шерзамонов фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Умуман роҳбарияту аъзоёну думравони ТТЭ ҲНИ-ПМ бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда мардумро ба чолиш кашанд. Бояд ёдовар шуд, ки бо чунин гуфтору рафтор ду даҳсола пеш боиси шуруъи ҷанги шаҳрвандӣ гардида, Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд. Воќеан имрўз низ ТТЭ ҲНИ аз қабили чунин ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Онҳоро ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслаконаш ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехираданд.Донистан намехоҳанд, ки бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад. Зеро мақсади ТТЭ ҲНИ-ПМ хиёнат ба миллату давлат аст!
Дар интиҳо роҳбарияти ТТЭ ҲНИ-и тафриқаангез бояд бидонанд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи муддаиёни гумроҳе, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, шумо гумроҳон ва хоинони миллати тоҷикро пайравӣ ва ҷонибдорӣ нахоњанд кард.
А. ВАЛИЕВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *