Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи баргузории Рўзи ҷавонон, дар ҳамкорӣ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд дар ДИС ДДТТ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид.

IMG_4288
IMG_4301
IMG_4306
IMG_4315
IMG_4318
IMG_4337
IMG_4353
IMG_4383
IMG_4428
previous arrow
next arrow
IMG_4288
IMG_4301
IMG_4306
IMG_4315
IMG_4318
IMG_4337
IMG_4353
IMG_4383
IMG_4428
previous arrow
next arrow

Сароғоз конференсияро директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам гуфта, меҳмонони чорабинӣ: Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунавварро муаррифӣ намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни суханронии пурмуҳтавои худ дар бораи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат ба ҷавонон ибрози андеша карда, аз донишҷўён даъват ба амал овард, ки бо донишу хониш ва ахлоқи намунавӣ дар пешрафти кишвари азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд. Дар шароити буҳрони шадиди иқтисодӣ, паҳншавии бемории короновирус, таҳдиди хатарҳои беруна ҷавонон бояд фирефтаи афкори заҳрогини бегонагон нагашта, бо шукрона аз ваҳдату якдилӣ ва оромию суботи кишвари азизамон барои ободии кишвари азизамон ҷаҳду талошҳои созанда намоянд. Ҷавонон неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеанд, онҳо бояд ҳушёру зиракии сиёсиро аз даст надода, худшиносу худогоҳ ва ватандўсти воқеӣ гашта, аз шабакаҳои иҷтимоӣ оқилона истифода намоянд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар низ дар бораи нақши ҷавонон дар ҷаҳони муосир андешаронӣ карда, аз фаъолияти пурсамари ташкилоти кумитаи иҷроияи “Инқилоб”, ки сарварии онро директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба уҳда дорад,   изҳори сипос намуд.

Ҳамчунин бо маърўзаи пурмуҳтаво Ҷўраев Меъроҷ – раиси Шўрои олимони ҷавони ДИС ДДТТ дар мавзўи “Нақши Пешвои миллат дар рушди ҷавонон” ва донишҷўи курси 4, ихтисоси молия ва қарз Воҳидова Фарангис дар мавзўи “Истиқлолият – рукни асосии давлат” баромад карда, оиди самараи истиқлолият, комёбиҳо ва дастовардҳои арзанда дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ андешаронӣ намуданд.

Аз байни иштирокчиёни конференсия донишҷўён – Умарова Меҳрона ва Фарҳодова Манижа оид ба саҳми Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки намунаи ибрат барои ҷавонон аст, баромад намуданд.

Қисмати ҷамъбастии конференсия бо супоридани тўҳфаҳои хотиравӣ анҷом ёфт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *