Ҳамоиши тамаддунҳо ва нақши сиёсат дар рушди ҷомеаи муосир

Рафту ҷараёни таърихӣ пешрафту пешомади оламро тамаддунҳо  муайян мекунанд. Ҳар як тамаддун барои башарият ягон музаффарияте ва ё нишонаи чашмрасе боқӣ мегузорад, ки аз сатҳи баланди тараққиёти он дарак медиҳад. Масалан, манораи Бобул, хатти мехӣ аз тамаддуни Байнаннаҳрайн, девори бузурги Чин, Роҳи абрешим, таълимоти Конфусий, ихтирои қоғаз аз тамаддуни Чин, империяи ҷаҳонии Ҳахоманишиҳо, аввалин эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ҷаҳонкушоӣ ва ислоҳотҳои Дорои Кабир, дини Зардуштӣ ва китоби муқаддаси он Авесто, тарапққиёти илму фарҳанг, олимону шоирони машҳур, давлатдориву шаҳрсозӣ шаҳрдории замони Сомониён аз тамаддуни форсу тоҷик. Дини мубини Ислом ва китоби муқаддаси он Қуръони  карим, аҳком, ахлоқ, ақоид ва шариати исломӣ, ҳадисҳои пайғамбари Ислом, масчиду мадрасаҳо ва ғайраҳо аз тамаддуни арабӣ гувоҳӣ медиҳанд.

 Онҳо дар раванди ташаккули худ марҳилаҳои хеле мураккаб, пурфоҷиа, таркишу харобиҳо, рақобатҳои динию мазҳабӣ, камолоту гулгулшукуфиро аз сар гузаронида, сазовори эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ мегарданд ё аз кашмакашҳои динию мазҳабӣ, сиёсию миллӣ аз бепарвоию бетарафии аҳли зиё ва фарзандони бегонапарсту курситалабаш аз байн мераванд.

Ҷавҳари тамаддунҳоро таърихан дин, рушди илму фарҳанг гузоштааст. Дин ҳамчун яке аз рукнҳои фарҳанг ба мардум хатту савод мактабу маориф ва рушноии маънавӣ оварда мардумро аз ҷаҳолату нодонӣ раҳо намуд, роҳи равиши ҳаёти пурсамар ва мақсаду мароми созандагиву бунёдкории онҳоро муайян кард. 1500 сол пеш аз дини мубини Ислом оини Зардуштӣ аввалин шуда ба қавму тоифаҳои ориёӣ худои яккаю ягона Аҳурамаздо ва паёмбари ў Зардуштро пешниҳод намуд ва заминаҳои ахлоқии адиёни баъдинаро дар ваҳдати афкору кирдор; пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори некро гузошта, ишора намуд, ки ҳеҷ ягон зуҳурот ва фидоии дину мазҳаб берун аз ин ваҳдати афкору кирдор: худро инсони комил шуморида наметавонад. Дини Зардуштӣ гарчи аз лиҳози пайдоиш ва интишор ба гурўҳи адёни миллию давлатӣ дохил шавад ҳам, аз лиҳози даъват дар илоҳиёт ва нубувват ба дини ҷаҳонӣ тааллуқ дорад.

Зуҳур ва интишори дини мубини Ислом китоби муқаддаси фиристодаи офаридагор Қуръони карим, шариат ва аҳкому ахлоқи исломӣ аҳли ҷомеаро ба ваҳдату ягонагӣ ва бародарӣ даъват намуд. Ислом ҳамчун дини монотеистӣ (яккахудоӣ) дар заминаи аҳкому ахлоқӣ муайянкардааш урфу одат ва суннатҳои зараровари адёни гузаштаро аз байн рабуд, ба парокандагии қавму тоифаҳои нажоди ориёӣ хотима гузошт, ба ташаккули давлатҳои сарҷамъу мутамаркази тоҷикон таккон дод ва ба ҳаёти иҷтимоию фарҳангии халқи тоҷик абадӣ ва бебозгашт ворид гардид. Дини мубини Ислом оламгир гардид. Ҳоло дар дунё зиёда аз як млрд одамон ба ин дини осмонӣ ва паёмбари он Муҳаммад (с) эътиқод ва саҷда мекунанд. Чи тавре, ки олими маъруфи диншиноси номӣ Шерзод Абдуллозода дар китоби худ «Асосҳои диншиносӣ» оварда аст: «дин ба монанди маданият, сиёсат, фалсафа яке аз шаклҳои махсуси қадимтарини шуури ҷамъиятӣ буда, роҳу риштаи идеалогӣ-ақидавии ин ё он ҷамъиятро нисбат бо офариниши хаёт-зиндагонӣ ифода мекунад».

Осмонӣ будани дини мубини Ислом ин маънои аз ибтидо моҳияти синфӣ надоштани он аст. Яъне худи пайғамбари ислом Муҳаммад (с) дар вақти қабул кардани ин дин як чўпони аз падару модар барвақт ятим монда буд. Ин дини ҳақиқату тариқат, поку осмонӣ то ҳол бо қувваи ниҳонии ҷозибанокаш ақлу идрок ва таваҷҷуҳи нафақат бандаҳои муъмину мусулмон, балки ашхоси зиёдеро аз дигар дину мазҳабҳо ба тарафи худ ҷалб менамояд.

Аз ин лиҳоз, дини Ислом ба пуштубонии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ниёз надорад, зеро истифода бурдани дин ҳамчун идеалогия барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ моҳияти одамсолорӣ, униварсалӣ ва осмони будани онро суст карда,  қадру қиммат ва манзалати онро паст мегардонад. Аз тарафи дигар, муносибати мутақобилаи байни давлат, ҷомеа ва динро дар ташаккулу таҳкими давлати миллӣ тезу тунд мегардонад. Бояд тазаккур дод, ки мафҳуми миллат дар фаҳмиши диниаш маънои мусулмон ё миллати мусулмонро дорад. (миллати Иброҳими Халилуллоҳ). Дар ин маҷро, муносибати давлат ва ҳизбҳои сиёсие, ки тарафдори таъсиси давлати исломӣ ё «халифати Араб» ҳастанд, боз ҳам тезу тунд гардонида, оқибат ба низои милливу динӣ меорад.

 Фаромeш набояд кард, ки арзишҳои миллии мардуми форсизабон пеш аз ташаккули миллат дар саргаҳи тамаддуни ориёӣ (ҳазорсолаҳои IV – II пеш аз милод), дар мубориза барои поку тоза нигоҳ доштани асли хеш, урфу одат, суннатҳои аҷдодӣ, забон, маданият, ва хусусиятҳои равонӣ ба даст оварда шудааст.

Аз нигоҳи мантиқӣ ба ин масъала агар нигоҳ кунем, мавҷудияти ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломӣ, ки мақсади ниҳоии онҳо ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ аст, баҳампайвандии арзишҳои милливу диниро, ки бе онҳо таъсиси давлати миллӣ – дунявӣ аз имкон берун аст, фалаҷ гардонида, якпорчагии халқу миллатҳои сокини кишварро, ки асосан мусулмонанд, халалдор мекунад. Ин ҳизбу ҳаракатҳо зидди бедории сиёсӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ баромада, барои таҳкими демократия, ташаккули давлати миллӣ-демократӣ монеаҳо эҷод мекунанд. Дин ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарин ва қадимтарин рукни  фарҳанги  ҷамъиятӣ  мебошад ва  бояд дар хизмати сиёсат ва халқ  бошад.

Сиёсат  ин ҷабҳаи муҳимтарини ҳаёти ҷомеа, институтҳои сиёсии ҷамъиятӣ принсипҳо ва меъёрҳое, ки муносибати фардҳои алоҳида, давлат ва ҷомеаро дар масъалаи ҳокимият таъмин менамояд. Дар ин хусус, вазири кабири Салчуқиён (қавми туркнажод) мутафаккири намоёни форсу тоҷик Абуалӣ Ҳасан ибни Алии Тусӣ (Низомулмулк)  дар қарни XI дар асари машҳураш «Сиёсатнома» чунин оварда аст: «оинро ба дунё мафурeшанд ва ҳамаи корҳо ба қоидаи хеш бозтаранд. Ҳар касро ба андозаи вай бидоранд, то корҳои оиниву дунявӣ барнизом бошад. Ба ҳар чӣ бархилофи ин бувад, подшоҳ рухсат надиҳад ва камобешӣ корҳо ба тарозуи ақл ва шамшери сиёсат рост кунад». Низоммулмулк динро ба сиёсат пайваста, онро дар хидмати сиёсат гузошта аст. Дигар мутафаккири бузурги шарқ, ки дар тамаддуни исломӣ нақши махсус бозида аст, Абуҳомид Муҳаммад Ғазолӣ мебошад, ки ба масъалҳои давлатдорӣ тобиши ахлоқи дода, сиёсатро воситаи такомули давлатдорӣ, адлу инсоф ва ҳимояи халқ меҳисобад.

Инкор намудани давлати демократии миллӣ ин давоми ҳамон ақидаҳои сиёсии панисломистон ва пантуркистони солҳои бистуми қарни ХХ мебошад, ки қариб буд тоҷиконро аз давлати миллиашон маҳрум намуда, ному нишони онҳоро аз саҳфаҳои таърих нест кунанд.

          Ташаккули  таърихии миллати тоҷикон мардумони  Осиёи Миёна  дертар  баъд аз  инқилоби октябри соли 1917 ба вуҷуд омадааст ва маҳсули  давраи сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ мебошад. Зеро қисми зиёди халқу миллатҳои собиқ давлати  шўравӣ  «бо ёрии аскарони сурх»  марҳилаи хеле муҳими форматсияи ҷамъияти-иқтисодӣ, яъне ҷомеаи сармоядорӣ-давраи инқилоби илму-техникиро аз сар нагузаронида, яку якбора ба сотсиализм ворид гаштанд, ки то  ҳол онҳо аҷри онро кашида истодаанд.

Таърих исбот намуд, ки ҳар як халқу миллат бояд марҳилаи сармоядориро бо тамоми маҳрумиятҳо ва доғҳои модарзодиаш бояд аз сар гузаронад, ё такя ба ақлу идроки сарваронаш, таҷрибаву малакаи мамлакатҳои пешсаф низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангии худро нашикаста такомул диҳад ва давлати миллии худро дар пайдевори худӣ созад,  вагарна пайдевори бегонагон бақо надорад. Бояд тазаккур дод, ки мардумони Осиёи Миёна, аз он ҷумла баъзе минтақаҳои Тоҷикистони муосир дар нимаи дуюми қарни XlX ба вартаи муносибатҳои сармоядорӣ кашида шуда буданд, вале ғалабаи Инқилоби октябри 1917 онҳоро аз муносибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоии бозоргонӣ дур андохта, ин раванди табии таърихиро шикаст. Ба хотири хонандагони гиромӣ овардани чунин марҳилаҳои тақдирсоз ва таъкиди он дар инаст, ки бўҳронҳои сиёсӣ ва маънавӣ ва шикастаниҳои таърихиро фақат ҳамон халқе бо роҳбарии  шахсиятҳои босаводу бомаърифат ва дорои маданияти сиёсии баланду, дурандеш ва таҳаммулпазир бартараф карда метавонанд.

Ба халқи тоҷик оқибатҳои ҷанги бародаркуш бояд дарси фаромeшнопазир бошад, чунки дар ҷанги Бузурги Ватанӣ халқи Шўравӣ аз Тоҷикистон дусад ҳазор кас ҳалок гардида бошад, дар ҷанги бародаркушии мо  яксаду панҷоҳ ҳазор  кас кушта шуд, зарари моддии ин ҷанги хонумонсўз зиёда аз 10 млрд доллари америкоиро ташкил дод. Беҳтарин фарзандони халқи тоҷикро  аз мо рабуд.  Дар Тоҷикистон ҳизбҳое  амал мекунанд, ки  (ба истиснои ҳизби халқи демократӣ) платформа ва мавқеи худро оид ба  рушду тараққиёти Тоҷикистон  ва раванди сиёсии кишвар дақиқ ва мушаххас  нишон надоданд  ва  мардум  мақсаду мароми аксарияти ин ҳизбҳоро намедонанд.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ҳашт ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шудаанд  ва маълум аст, ки низоми бисёрҳизбӣ ин нишонаи сатҳи баланди демократия набуда,  ибтидо ва ҳолати ҷанинии он аст. Ҳоло вақте расида аст, ки ҳизбу ҳаракатҳои мавҷуда аз руи вазифаҳои низоми  сиёсии  мамлакати худ,  ки  онро мардум  интихоб кардаанд ба такягоҳи давлат, ҷомеа  ва гарави  вазъи муътадили сиёсӣ табдил ёбанд. Барои мисол низоми сиёсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба хотир биёред, ки зиёда аз 300 сол инҷониб 2 ҳизби буржуазӣ ҳукмронӣ намуда, бо ҳамин низоми сиёсии мавҷударо, ки  манфиати табақаҳои мухталифи ҷомеаро инъикос мекунанд, аз фалаҷ гардидану нест шудан эмин медоранд.

Яъне мақсаду асосии ҳизбҳои ҳукмрон ва қисми асосии халқи ИМА ин таҳким ва ҳифзи низоми ягонаи сиёсии мамлакат мебошад. Фаромуш набояд кард, ки мардуми Иттиҳоди  Шeравӣ  аз он ҷумла тоҷикон 75 сол собит қадамона  меҳнат карда, ба зиндагии арзанда, шаъну эътибори баланди  инсонӣ расида буданд. Баробариву бародарӣ,  дўстиву рафоқат, як кас барои ҳама, ҳама барои як кас шиори маънавии мо насли калонсолон буд.

Дар шароити ҷаҳонишавии ҳаёти ҷомеа фақат бо роҳи демократӣ, волоият ва таҳкими қонун, шафофияту кору амал, ба ҳам пайвастани арзишҳои милливу динӣ ба рушди баланди тараққиёти ҷомеа ноил шудан мумкин аст.  Барои мисол, ҳоло Давлати Исломии Эрон, ки аксарияти  аҳолиашро шиамазҳабон ташкил медиҳанд, ягона кишвари исломист, ки рў ба ақли солим оварда, ҷавононро ба омўзиши чуқури илмҳои дақиқ, аз худ намудани техника ва технологияи нав даъват мекунад. Дар ҳақиқат,  давлат ва халқи гуногунмазҳаби  Эрон амиқ дарк намуданд, ки фақат бо тараққиёти баланди иқтисодӣ,  иҷтимоӣ, фарҳангӣ дар заминаи техника ва технологияи баланди муосир, ваҳдати дину мазҳаб, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва миллӣ мавқеи худро  дар арсаи  ҷаҳони ҳифз карда метавонанду халос.

Баъзе шахсони аз таърих бехабар муҳоҷирати меҳнатиро ҳамчун падидаи носолими пасткунандаи қадру қиммати инсон маънидод намуда,  дили марпдумро аз ҳукумат ва ватанашон сард мекунанд. Ин хатои маҳз аст. Таърихи инсоният садҳо ҳаракати муҳоҷирати меҳнатии мардумони оламро дар хотир дорад. Ба таваҷҷeҳи шаҳрвандони  заҳматкашам мерасонам, ки баъди ҷанги дуюми ҷаҳон кулли шаҳру деҳот ва иншоотҳои истеҳсолӣ ва фарҳангии  айронсохтаи  Иттиҳоди Шeравӣ,  Аврупои Ғарбӣ, аз он ҷумла Варшава, Краков ва Олмонро  муҳоҷирони  дигар кишварҳо сохтанд ва ҳоло қисми аз онҳо дар он шаҳрҳо муқимӣ гашта, ба тиҷорату савдо  ва идораи давлатӣ машғуланд. Ҳоло дар ИМА 12млн., дар Россия 9 млн., муҳоҷирон кору зиндагӣ намуда, ба ин давлатҳо миллиардҳо доллар даромад мебиёранд.

Дар интиҳо, ман ҳамчун собиқадори маорифи халқ, собиқ корманди Мақомоти иҷроияи Шўрои депутатҳои халқ ва устоди донишгоҳи давлатӣ дар андешаи он ҳастам, ки  зиёда аз 20сол аст, ки Тоҷикистон ва халқи тоҷик бо роҳи интихоб кардаи худ-ташаккулии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қадам мезанад. Дар марҳилаҳои  тақдирсози мамлакат ба ҳамаи он мушкилиҳои сангин нигоҳ накарда, дар рушди сиёсӣ иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа таҳти  сарварии  Президенти  Ҷумҳурӣ, мeҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон муваффақиятҳои хеле бузурге ба даст оварда шуд, ки мардум  хуб медонанд ва сарфарозанд.

Мардум осудаву хотирҷамъ шуданд.  Вазъи сиёсии ҷомеа муътадил гардид, ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа боло рафт. Муносибати давлат (барандаи сиёсат) нисбати дину мазҳабҳои сокинони ҷумҳурӣ ба куллӣ  тағйир ёфт. Сарқонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати давлату дин ва муассисаҳои диниро муайян намуда, ба тадбиқ гардидани   арзиши  волои ҳуқуқии «озодии виҷдон» имконияти васеъ фароҳам овард.  Ташкилотҳои динӣ ва мазҳабӣ, ки дар солҳои аввали ҳокимияти Шўравӣ аз низоми сиёсии ҷомеа берун карда шуда буданд, салоҳияти худро ба даст оварда, озодона амал мекунанд.

   Ҳоло раванди ҷаҳонишавӣ ва вазъи сиёсии ҷаҳон талаб менамояд, ки мо дар самти интихоб кардаи рушди мамлакат ва сиёсати хориҷии  худ собиққадамона қадам ниҳода  низоми сиёсии интихобкардаи худро дастгирӣ ва мустаҳкам намоем. Вагарна дар зери таъсиру фишори мамлакатҳои абарқудрати ҷаҳон ва қувваҳои ифроткори дохиливу хориҷӣ бе давлату бе миллат мемонем. Барои радду рафъи ин фалокат низоми сиёсии мамлакатро, ки аз институтҳои давлативу ғайридавлатӣ иборат аст таҳким дода дар атрофи сарвари давлат муттаҳид гардем.

 

Муаллими калони донишкадаи иқтисод ва

савдои ДДТТ Авазматов Н.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *