ДИИШ ва ТТЭ ҲНИ амалҳои террористиро идома медиҳанд…

Ахиран мақолаи пурмуҳтавои Самиев Холмаҳмад, номзади илми таърих, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо номи “ТТЭ ҲНИ роҳи террорро идома медиҳад” мутолиа намуда, ба андешаҳои муаллиф пурра розӣ ҳастем. Бо далелҳои собит дар мақола муаллиф аз фаъолияти ТТЭ ҲНИ интиқод карда, навиштааст: “Тасдиқи нави фаъолияти террористӣ доштани ТТЭ ҲНИ ин баромади террорист-чаласавод «Абу Усомаи Норакӣ», узви фаъоли ТТЭ ҲНИ мебошад. Ӯ муддати зиёд бо истифода аз бесаводии динии ҷавонон онҳоро ба сафи ТТЭ ҲНИ ҷалб менамуд. «Абу Усомаи Норакӣ» яке аз созмондиҳандагон ва роҳбарони амали террористӣ, ки 29 июли соли равон дар ҳудуди ноҳияи Данғараи Тоҷикистон нисбат ба сайёҳони хориҷӣ содир карда шуд ва иҷрокунандаи асосии он узви фаъоли ин ҳизб Абдусамадов Ҳусейн буд, мебошад”.

Дар идомаи матлаб аз ҷиноят ва ваҳшонияте, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рух дода буданд, мардуми зиёдеро ба қатл расониданд, ёдовар гардида, аз истифодаи хушунату зуроварӣ ва шиканҷа мисолҳои мушаххас меорад: “Чунин ҳолат дар солҳои 90-ум низ дар Тоҷикистон мушоҳида мешуд, вақте ки ТТЭ ҲНИ дар асоси нақшаҳои сарпарастони хориҷии худ марҳилаи мусаллаҳонаи ҷанги шаҳрвандиро оғоз намуда буд. Ҷиноятҳои аввалини он асир гирифтан, куштор ва пора-пора кардани ҷасадҳои одамон буданд.
Шиканҷа ва таҳқире, ки ДОИШ имрӯз пеша кардааст, онҳо ду даҳсола қабл анҷом медоданд. Ихтирои наҳзатиён «бочка-зиндон» ва «бочка-шиканҷа» буд. Аъзои ТТЭ ҲНИ одамони бегуноҳро ба чунин бочкаҳо андохта, супориш медоданд, ки аз берун ба онҳо бо ашёҳои оҳанин зарба зананд. Аз садои даҳшатнок ва баланд пардаҳои гӯши одами дохили бочка мекафиданд. Касро то ба ҳолати номукаллафӣ бурда мерасонданд ва ё қалбаш бар асари сарбории вазнини психологӣ боз мемонд. Ин усулҳои даҳшатноктарини ҷазо, шиканҷа ва қатл, ки ТТЭ ҲНИ ихтироъ кардааст, нисбат ба ҳазорон нафар шаҳрвандон истифода шудаанд”.

Мо ҳама хуб медонем, ки Ҳизби наҳзати ислом дар асоси далелҳои мӯътамаду асоснок, баъди бо нокомӣ анҷом ёфтани табаддулоти наҳзатиён таҳти сарварии муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон ва аъзои фаъоли ҳамин ҳизб генерал А. Назарзода аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон ва ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дохил карда шуд. Ба истиснои чанд нафар аз ҳайати роҳбарии дар ин табаддулот дастдоштаи ҳизб аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои амниятии кишвар нисбати ягон нафар аъзои қатории ҳизб, ки хатои худро фаҳмида, бо амри дилу виҷдон сафҳои онро тарк намуданд, чораи интизомӣ ё маъмурию ҳуқуқӣ андешида нашудааст, то боиси нигаронӣ бошад. Онҳо имрӯз чун аъзои комилҳуқуқи ҷомеа озодона кору зиндагӣ доранд. Ва он ҳама даъвоҳо дар бораи таъқибу боздошт ё шиканҷаи собиқ аъзои ТТЭ ҲНИ, ки ватанфурӯшон паҳн мекунанд, беасосанд.

 Норбобоев Л., сармуаллими кафедраи
математикаи олӣ ва технологияҳои
инноватсионии ДИС ДДТТ,

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *