Зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури намояндагони васоити ахбори умум бо гузориши муфассал директори ДИС ДДТТ, номзади илми иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода баромад намуда, перомуни дастоварду комёбиҳои донишкада маълумоти муфассал дод.
“Нимсолаи аввали 2018-ро ҳайати профессорону устодон, донишҷўён ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Маҳз натиҷаи заҳмати софдилонаи ҷомеаи меҳнатӣ буд, ки дар ҳама самтҳо фаъолияти назарраси олимон, устодон ва донишҷўёни ДИС ДДТТ ба назар мерасад. Аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада барои расидан ба ҳадафҳои асосии хеш софдилона меҳнат намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талоши созанда менамоянд”-таъкид намуд директори донишкада.
Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд», ки муассиси он Иттифоқи Тоҷикматлубот аст, 12 феврали соли 2010 таъсис ёфта, аз рўи 20 ихтисос дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура ва докторантура мутахассис тайёр менамояд.
Заминаи моддию техникии Донишкада ҷавобгўи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ буда, ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаҳои алоҳида иборатанд, ташкил карда шудааст. Пояи моддӣ – техникии Донишкада ба талаботи муосир ҷавобгў буда, дар ҷараёни таълим устодон ва донишҷўён аз 600 компютер, 35 тахтаи электронӣ, 96 проектор, дигар таҷҳизоти мултимедӣ ва технологияҳои иттилоотӣ васеъ истифода мебаранд. Инчунин, китобхонаи электронӣ бо 50 ҳазор китобу дастурҳои таълимӣ ва маҷмааҳои таълимию методӣ, китобхонаи муқаррарӣ бо зиёда аз 100 ҳазор китобҳои дарсӣ, синфхонаи интернет ва лингафонӣ, синфхонаҳои компютерӣ, толори фитнес бо 18 тренажер, майдончаи варзишии волейбол, минифутбол, баскетбол ҳамеша ба донишҷўён хизмат мерасонанд. Синфхонаи интернетии донишкада бо 50 компютери ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, ҳамаи кафедраҳо бо проекторҳо ва ноутбукҳо таҷҳизонида шудаанд, ки барои тариқи инноватсионӣ гузаронидани машғулият имкон фароҳам меоваранд.
Ҳамаи синфхонаҳо, толори варзиш ва биноҳои Донишкада дар давраи сармо бо тариқи мутамарказ то ҳарорати муқарраршуда гарм карда мешаванд.
Дар сохтори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон се факултет ва 12 кафедра фаъолият намуда, аз теъдоди умумии устодони донишкада, ки 235 нафарро ташкил медиҳанд, 7 доктори илм-профессор ва 75 номзадҳои илм-дотсентон наздик панҷ ҳазор донишҷўёнро таълим медиҳанд.
Раёсати Донишкада барои тайёр намудани кадрҳои дорои унвони илмӣ таваҷҷўҳи аввалиндараҷа медиҳад. Аз аввали соли 2017 то имрўз аз тарафи устодони Донишкада 8 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуда, 7 нафар барои ҳимоя иҷозат гирифтанд.
Дар донишкада ба масъалаи дастгирии донишҷўёни фаъолу эҷодкор низ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуда, соли сипаригашта 19 донишҷў, магистр ва аспирантон ба гирифтани идрорпулии Раиси вилояти Суғд мушарраф гаштанд. Соли равон, дар ҳафтаи худидоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 8 нафар донишҷўёни пешқадам фаъолона иштирок намуданд.
Донишкада бо зиёда аз 200 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои дуҷониба оид ба таҷрибаомўзӣ дорад. Қисме аз таҷрибаомўзон баъд аз хатм дар он ташкилот ва корхонаҳо бо кор таъмин мешаванд. Аксари хатмкунандагони шўъбаи ғоибона бошад, худ бо ҷои корӣ таъмин мебошанд ва танҳо барои баланд бардоштани тахассус ва малакаи касбӣ дар Донишкада таҳсил менамоянд.
Дар Маркази таълими забонҳои хориҷӣ, ки бо маҷмўи компютер, тахтаи электронӣ ва мизи мудаввар ҷиҳозонида шудааст, омўзиши забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, хитоӣ ва арабӣ ташкил карда шудааст. Ҳоло дар донишкада 16 гурўҳҳое, ки дар онҳо ҳамаи фанҳо бо забони англисӣ таълим дода мешаванд, амал мекунанд.
Донишкада бо зиёда аз 60 донишгоҳҳои Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, устодону донишҷўён ва магистрон тибқи барномаҳои ЭРАСМУС – МУНДУС, ТАРГЕТ 1 ва 2, ТЕМПУС ва лоиҳаи ФЛЕПП метавонанд такмили ихтисос ва таҷрибаомўзиро дар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монанд.
“Боиси ифтихор аст, ки Донишкада бо шарафёб гардидан ба дастовардҳои мухталиф дар соҳаҳои илм, таълим, тарбия ва варзиш дар муаррифии кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши арзанда мегузорад. Чунончи, дастаи “ЭНАКТУС”-и Донишкада дар мусобиқаҳои умумиҷаҳонии донишҷўён дар соҳибкории озод ғолиб омада, борҳо Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва Парчами Ватани азизамонро дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон парафшон намудааст”-таъкид намуд Рауф Олимӣ.
Донишкада соли 2011 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар кишвари Малайзия, соли 2013 дар давлати Мексика, соли 2014 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин, соли 2016 дар шаҳри Торантои Канада ва соли 2017 барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Лондони Англия бо баромадҳои пурмуҳтаво оид ба бизнес–нақшаҳои инноватсионӣ, аз тарафи ҳакамони байналмилалии мусобиқаҳои ҷаҳонии донишҷўён дар соҳибкории озод соҳиби мақомҳои ифтихорӣ ва медалу ифтихорномаҳо гардидааст. Соли равон бошад дастаи ЭНАКТУС-и донишкада бори дигар дар ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ пирӯз гардида, барои иштирок дар озмуни байналмилалӣ ба шаҳри Сан-Франсискои ИМА роҳхат гирифт.
Айни замон, 16 нафар ятими кулл дар донишкада таҳсил менамоянд, ки пурра аз пардохти маблағи таҳсил озод буда, моҳе 50 сомонӣ идрорпулӣ мегиранд ва ҳар рўз бо як вақт хўроки гарм таъмин мегарданд. Дар баробари ин, дар арафаи иду ҷашнҳои фархундаи миллӣ онҳо бо маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки дар нишасти матбуотӣ намояндагони беш аз 20 васоити ахбори умум иштирок карда, саволҳои худро перомуни ба ҷойи кор таъмин гаштани хатмкунандагон, таҳсилоти фосилавӣ, оид ба дарёфти литсензия, вазъи забономўзӣ, имтиёз ба донишҷўён, таҳсил дар магистратура, омўзиши забони давлатӣ, нақшаҳо дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамкории судманд бо мактабҳои олии Ҷумҳурии Узбекистон ва ғайра пешниҳод карда, посухҳои муфассал гирифтанд.
Дар поёни нишасти матбуотӣ директори донишкада аз ҳамкории аҳли қалам изҳори қаноатмандӣ карда, барои инъикоси воқеъбинонаи дастовардҳои донишкада ба намояндагони васоити ахбори умум арзи сипос намуд.
Нуъмон Раҷабзода