ДАВЛАТИ ПОЯНДА БА ҶОМЕАИ СОЛИМ АЛОҚАИ ЗИЧ ДОРАД

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Дар шароити соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва танзими фаъолияти соҳа бо асосҳои қонунгузорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои муҳим татбиқ шудааст. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа эҷоду таҳия, бозбинӣ гардида, ба амал бароварда шуда, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ рушд кард ва муассисаҳои тиббию фармасевтӣ таҷдид гардиданд. Барои ба танзим даровардани муносибатҳои соҳаи тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор қонуну қарор, стратегия ва барномаҳои миёнамуҳлату дарозмуҳлат қабул гарида, дар амал татбиқ мешаванд, ки онҳо барои таъмини пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин, нигоҳ доштани ҷомеаи солим аз ҳар гуна бемориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд. Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ ба танзим дароварда, ба татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва ҳифзи саломатӣ равона карда шудааст. Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 фасл, 29 бобу 223 модда иборат буда, тамоми муносибатҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар бахшҳои алоҳида, бо талаботи мушаххас танзим менамояд. Дар Кодекси мазкур масъалаҳои идоракуннии давлатии соҳаи тандурустӣ, ваколату вазифа, ҳуқуқу уҳдадориҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои ташкилоту муассисаҳо, кормандони соҳаи тандурустӣ ва беморон, низоми иҷозатноматиҳӣ ва экспертиза дар соҳа, намуд ва шаклҳои кӯмаки тиббӣ, тарбияи кадрҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳуқуқи ба фаъолияти тиббию фармасевтӣ машѓул шудан, фаъолияти хусусии тиббӣ, тибби оилавӣ, халқӣ, солимгардонии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивии аҳолӣ, таъмини модарону кӯдакон бо кумакҳои тиббию санитарӣ, ҳимояи ѓизои кӯдакон, ҳифзи солимии ҷамъиятӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ, донори хун ва ҷузъҳои он, пайвандсозии узв ва ё бофтаҳои он, расонидани кӯмаки тиббӣ ба гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандон, ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил, муқовимат бо вируси норасои масунияти одам ва бемории пайдошудани норасоии масуният, расонидани кумаки тиббию иҷтимоӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ, норкологӣ, ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталоии диабети қанд ва назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайяну муқаррар шудааст.

Давлати поянда ба ҷомеаи солим алоқаи зич дорад. Бо ҳамин мақсад Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи саломатии аҳолӣ тамоми шароитҳои заруриро муҳаё сохтааст. Дар давоми солњои соњибистиќлолї дар мамлакат садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла, беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу солимгардонӣ ва бунгоҳҳои тиббї бунёду мавриди истифода қарор дода шудаанд. Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат аст ва бо асосҳои қонунӣ танзим шудааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зарурати пешбурди сиёсати нав дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ пеш омад. Бо ин мақсад дар мамлакат “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ва илмӣ “Барномаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” – ро қабулу татбиқ намуд. Дар заминаи тадбирандешиҳо шумораи табибон зиёд шуда истодааст, вале мушкилоти норасоии кадрӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳамасола муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии соҳаи тибро нафарони зиёд хатм менамоянд. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бонуфузтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар омода намудани муттахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани вазъи солимии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Таҳлилҳо собит месозанд, ки бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ мушкилоти ҳалталабу ҳалшаванда мебошад ва ин масъала бояд самти муҳимми сиёсат ва амнияти иҷтимоии кишвар дониста шавад. Ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли норасоии кадрҳо дар соҳаи тандурустӣ, ки ин соҳа яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон дониста мешавад, бояд бештар аз ҳар вақти дигар талош намуд. Зеро дар ҳолатҳои паҳншавии ҳар гуна эпидемия ва умуман, дар ҳолатҳои душвори иҷтимоӣ барои пешгирӣ намудан ва наҷоти одамон нақши табибон, яъне, мутахассисони баландихтисос ҳамеша ҳалкунанда ба шумор меравад. Вазъияти мураккаби соли паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ва таҷрибаҳо нишон доданд, ки мутахассисони соҳаи тиб дар пешгирии бемориҳо ва сиҳатии аҳолӣ мақоми арзанда дорад. Бо назардошти ин, бояд ба масъалаи омода кардани табибони сироятшинос ва ҳамшираҳои шафқат аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои дигари тиббӣ, бахусус, мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, эҳёгарӣ ва бозомӯзии онҳо, инчунин, ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ, воситаҳои муҳофизатӣ ва маводу ашёи дигар диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Масъалаи дигар дар соҳаи тандурустӣ, ки маҳсули он метавонад, тибби тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ намояд, рушди таҳққиқот ва пашӯҳишҳои илмии тиббӣ мебошад. Зеро илм ҷузъи таркибии фаъолияти ҳар як муассисаи тиббӣ буда, танҳо тавассути илми воқеӣ мо метавонем ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такон бахшем.

Ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи амалӣ шудани тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон ва модарон мутаносибан дуюним ва сеюним баробар паст гардидааст. Дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад. То давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар марказҳои махсусгардонидашуда оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам вуҷуд надоштанд. Чунки ин беморӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надошт. Давоми соҳои соҳибистиқлолӣ панҷ барномаи миллӣ оид ба мубориза бар зидди ин беморӣ таҳия ва қабул гардида, ҳоло лоиҳаи нави “Барномаи миллӣ барои солҳои 2021-2025” мавриди амал қарор дорад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ комилан нав ташаккул ёфта, ҳоло дар марҳалаи рушд қарор дорад ва зарур аст, ки ниҳодҳои ваколатдори соҳа ба масъалаи тайёр кардани кадрҳо барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла, суғуртаи иҷтимоӣ, меҳнат ва хизматрасонии иҷтимоӣ диққти махсус зоҳир намоянд. Зеро ғамхории доимӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ самти муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон дониста мешавад. Дар урфият мегўянд, ки табиби касбӣ беморро бо сухани хуб низ табобат мекунад. Аз ин рӯ, аз табибон дар иҷрои рисолати касбиашон хушмуомилагӣ, садоқат ба касб ва миллату давлат тақозо мегардад. Нафароне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии тиббии мамлакатро хатм намуда, дипломи табибро соҳиб мегарданд, савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул мекунанд. Аз мазмуни савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, ки табиб бояд вориси сазовори олим ва табиби бузург Абӯалӣ ибни Сино бошад, тамоми донишу қувваашро ба ҳифз ва беҳтар кардани саломатии инсон, пешгирӣ ва табобати бемориҳо бахшида, барои кӯмак ба одамони муҳтоҷи табобат ҳамеша тайёр бошад, ба беморон бодиққат ва ғамхорона муносибат намуда, дониши тиббии худро мунтазам такмил диҳад, дар тамоми фаъолияти худ аз рӯи талаботи ахлоқи умумибашарӣ амал карда, вазифаи олии ворисони Синоро ҳамеша дар хотир нигоҳ дорад.

Набояд фаромӯш кард! Риоя накардани талаботи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии ТоҶикистон тибқи қонунгузории амалкунанда ҷавобгарӣ дорад.

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҶикистон бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо роҳи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим таъмин намудани солимии аҳолӣ, беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои дарозумрии инсон, паст намудани сатҳи беморӣ, маъюбӣ, фавти модару кӯдак, пешгирӣ кардани бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кӯмаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос пайваста тадбирњо меандешад. Ин ҳама шароиту имкониятҳои дар низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фароҳамгардида шаҳодати татбиқи рушани кафолатҳои давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ мебошад. Барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Зеро пойдории ҷомеаро саломатии шаҳрвандон ташкил медиҳад ва рушду тараққиёти ҳар як давлату миллатро бе солимии ҷомеа тасаввур кардан ғайриимкон аст. Пас зарур аст, ки ниҳодҳои ваколатдор ва ҳар як табиб бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи сиҳатии шаҳрвандони мамлакат талош намуда, ба Ватану миллат содиқона хизмат намоянд.

МӮМИНОВА Д,

ҳамшираи тиб

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *