«Боиси шодмонию сарфарозист, ки соли 2017-ро ҳайати профессорону устодон, донишҷўён ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Маҳз натиҷаи заҳмати софдилонаи ҷомеаи меҳнатӣ буд, ки дар ҳама самтҳо фаъолияти назарраси олимон, устодон ва донишҷўёни ДИС ДДТТ ба назар мерасад. Мо ифтихор аз он дорем, ки аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада барои расидан ба ҳадафҳои асосии хеш софдилона меҳнат намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талоши созанда менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд. Аз дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат бармеояд, ки Тоҷикистон ояндаи неку дурахшон дорад ва мо метавонем бо кору пайкори созанда дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳми арзанда гузорем»- дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори ДИС ДДТТ, номзади илми иқтисод Олимӣ Рауф Латифзода ибрози андеша карда, перомуни дастоварду комёбиҳои донишкада маълумоти муфассал дод.
Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд» (ДИС ДДТТ), ки муассиси он Иттифоқи Тоҷикматлубот буда, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №59 аз 12 феврали соли 2010 таъсис дода шуда, соҳиби иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ бо силсилаи АУ №0002417 аз 2-юми ноябри соли 2017, шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии (силсилаи ИА №0000797 аз 07-уми июни соли 2016) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
Теъдоди профессорону омўзгорон аввали соли таҳсили 2017 – 2018-ум 234 нафарро ташкил кард. Аз шумораи умумии устодон 91 нафарашон дараҷаи илмӣ (11 доктор ва 80 номзади илм) доранд. Раёсати Донишкада барои тайёр намудани кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, таваҷҷўҳи аввалиндараҷа медиҳад. Теъдоди умумии донишҷўён 4783 нафарро ташкил намуд, ки аз онҳо 2342 нафар дар шуъбаи рўзона ва 2441 нафар дар шуъбаи ғоибона, аз ҷумла, духтарҳо 1664 нафар, аз онҳо 684 нафар дар шуъбаи рўзона ва дар шуъбаи ғоибона 980 нафар таҳсил менамоянд.
“Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи ташкили таҳсили гурўҳҳо бо забони англисӣ дар донишкада ҳалли худро пурра ёфтаанд. Ҳоло дар донишкада 15 гурўҳҳое, ки дар онҳо ҳамаи фанҳо (иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, риёзӣ, ҷамъиятӣ ва ғайра) бо забони англисӣ таълим дода мешаванд, амал мекунанд. Донишкада бо омўзгорони ихтисосманд (иқтисоддонҳо, ҳуқуқшиносон, риёзидонҳо ва ҷомеашиносон), ки фанҳои худро бо забони англисӣ дарс мегўянд, пурра таъмин мебошад. Аз ҷумла, дар ин гурўҳҳо устодон аз ИМА Теренс Дрю, Ванесса Беари, Ребека Виллер, Шерон Сатурнс ва Марсел Минутоло, аз Ҷумҳурии мардумии Чин Ян Сяоюй дарс додаанд”-таъкид намуд директори донишкада Олимӣ Рауф Латифзода.
Донишкада узви барномаҳои байналмилалии ERASMUS MUNDUS, FULBRIGHT ва TARGET II буда, бо зиёда аз 60 донишгоҳҳои Аврупо, ИМА, Осиё ва ИДМ созишномаҳои ҳамкорӣ дорад. Устодон, донишҷӯён ва магистрҳо тибқи ин барномаҳо имконияти таҳсил, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзиро дар кишварҳои хориҷӣ (Олмон, Италия, Испания, Венгрия, Амрико) доранд. Гурӯҳи коршиносони хориҷӣ – экспертҳои байналмилалӣ аз давлатҳои Фаронса, Испониё, Қазоқистон, Қирғизистон ба сатҳи тайёр намудани мутахассисон дар Донишкада баҳои баланд дода, ба аккредитатсияи байналмилалӣ омода будани донишкадаро эътироф намуданд.
Пояи моддию техникии Донишкада дар сатҳи баланд қарор дорад. Айни замон дар ДИС ДДТТ зиёда аз 550 компютери ҳозиразамон ба шабакаи баландсуръати ИНТЕРНЕТ пайваст карда шудааст. Синфхонаи ИНТЕРНЕТ бо 50 компютери ҳозиразамон муҷаҳҳаз аст. Дар Донишкада се синфхонаи лингафонӣ мавҷуд аст, ки бо 15 ададӣ компютер, дастгоҳҳои шунавоӣ, видео-телекоммуникатсионӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар китобхонаи муқаррарӣ зиёда аз 100 ҳазор китобҳои дарсӣ мавҷуданд. Китобхонаи электронии Донишкада дорои 30 компютери замонавӣ, бештар аз 50 ҳазор китобу дастурҳои таълимӣ ва маҷмааҳои таълимию методӣ дар намуди электронӣ мебошад. 25 синфхона бо тахтаҳои электронии интерактивӣ, ҳамаи кафедраҳо бо проекторҳо ва ноутбукҳо таҷҳизонида шудаанд, ки тариқи инноватсионӣ гузаронидани машғулият имкон фароҳам меоваранд.
Дар ДИС ДДТТ ҳар як донишҷўй имкон дорад, ки 3 – 4 забони хориҷиро дар сатҳи баланд азхуд намояд. Барои дар сатҳи баланд омўзонидани забонҳои хориҷӣ шароитҳои зарурӣ мавҷуд мебошанд. Дар Маркази таълими забонҳои хориҷӣ, ки бо 20 компютер, тахтаи электронӣ ва мизи мудаввар ҷиҳозонида шудааст, омўзиши забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, арабӣ ташкил карда шудааст. Дар Маркази забон ва фарҳанги Хитоӣ омўзиши забони хитоӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар Маркази омўзиши соҳибкорон пайваста курсҳо оид ба азхудкунӣ ва тартиб додани бизнес-нақшаҳо, 1С муҳосибот, технологияҳои муосири компютерӣ ва кор бо ҳукумати электронӣ, андозбандӣ, нархгузорӣ ва омўзиши малакаҳои пешхизмат ташкил карда мешаванд. Дар майдончаи варзиши замонавӣ пайваста бозиҳои волейбол, мини-футбол, баскетбол, теннис ва дигар намудҳои варзиш амал мекунанд. Барои устодону донишҷўён толори варзиши замонавии «Фитнес» ба истифода дода шудааст, ки дар он 14 тренажер, 4 тенниси рўи миз ва дигар таҷҳизоти варзиш гузошта шудаанд.
Шабакаи автоматикунонидаи идораи маъмурӣ ва назорати сифати таълим аз беҳтарин шабакаҳо дар байни донишгоҳҳои олии кишвар аст, ки он гардиши электронии ҳуҷҷатҳоро фароҳам меоварад. Ба ин шабака дар бораи ҳар як донишҷў (варақаи шахсӣ, натиҷаҳои имтиҳоноти қабул, иштирок дар машғулиятҳо, гирифтани холҳо ва амсоли инҳо) иттилоот ворид карда мешавад. Омўзгорон силлабусҳо, тестҳо ва дигар маводи таълимро ба шабака ворид намуда, журналҳои электрониро мунтазам пур менамоянд.
ДИС ДДТТ барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани сифати таълим ва дониши донишҷӯён сол то сол иштироки онҳоро дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо таъмин менамояд. Донишкада таи се соли охир дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва прогресси илмӣ-техникӣ» байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар се ҷои аввал қарор дорад. Донишҷӯён дар Олимпиада барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Олимпиадаи аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилнамуда иштирок карда, ҳамасола сазовори мақомҳои ифтихорӣ мегарданд. Ҳангоми ғолибият дар олимпиадаҳо донишҷӯён имконияти аз пардохти маблағи таҳсил озод шуданро доранд.
Ҳамасола донишҷўёни донишкада барои таҳсили хубу аъло сазовори идрорпулиҳои Раиси вилояти Суғд, Раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот, Раисони шаҳру ноҳияҳо, директори донишкада, грантҳои берунӣ ва дохилии кишвар мегарданд. Соли равон 12 нафар донишҷў ва 7 нафар магистрон ва аспирантон ба гирифтани идрорпулии Раиси вилояти Суғд мушарраф гаштанд.
Дастаи “ЭНАКТУС”-и Донишкада борҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва умумиҷаҳонии донишҷўён дар соҳибкории озод ғолиб омада, соли 2011 Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар давлати Малайзия баланд афрохта буд. Соли 2013 ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ шуда, соҳиби роҳхат барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Кангуни давлати Мексика ва баромад дар созмони бонуфузтарини ҷаҳон – СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА гардид. Соли 2014 ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин сафар карда, дар мусобиқаи байналмилалӣ муваффақ гашт. Соли 2016 дастаи “ЭНАКТУС”-и Донишкада ғолиби озмун гардида, барои иштирок ба кишвари Канада роҳхат гирифта буд. Соли 2017 бошад дастаи “ЭНАКТУС”-и Донишкада сазовори мақоми аввал гардида, барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон ба шаҳри Лондони Англия сафар карда, шарафи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя намуд.
Дар донишкада парки технологии таълимии «Дўхтани либосҳои замонавӣ» ба истифода дода шуд, ки дар он курсҳои буррандагию дўзандагӣ омўзонида мешаванд. Инчунин, бо супориши мизоҷон либосҳои замонавӣ ва мактабӣ дўхта, талаботи рўзмарраи онҳо қонеъ гардонида мешавад. Парки технологии «Гиёҳҳои дорувории вилояти Суғд» ва «Молия ва соҳибкорӣ» амал мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки дар нишасти матбуотӣ намояндагони беш аз 20 васоити ахбори умум иштирок карда, саволҳои худро перомуни ба ҷойи кор таъмин гаштани хатмкунандагон, таҳсилоти фосилавӣ, оид ба дарёфти литсензия, вазъи забономўзӣ, имтиёз ба донишҷўён, таҳсил дар магистратура, омўзиши забони давлатӣ, нақшаҳо дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамкории судманд бо мактабҳои олии Ҷумҳурии Узбекистон ва ѓайра пешниҳод карда, посухҳои муфассал гирифтанд.
Дар поёни нишасти матбуотӣ директори донишкада аз ҳамкории аҳли қалам изҳори қаноатмандӣ карда, барои инъикоси воқеъбинонаи дастовардҳои донишкада ба намояндагони васоити ахбори умум арзи сипос намуд.
Нуъмон Раҷабзода