Изҳороти устодони кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДИС ДДТТ ба таъсиси “Анҷумани озодандешони тоҷик”

Мо аҳли устодони кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ аз таъсиси «Анҷумани озодандешони тоҷик» дар Аврупо изҳори нигаронӣ ва норозигӣ баён менамоем. Аслан, озодандешӣ хислати андеша перомуни ягон падидаи сиёсӣ ва ё давлати алоҳидаро дар худ таҷассум намекунад, балки озодандешии илмӣ ва дар асоси принсипу қонуниятҳои илмӣ асосёфта озодандешӣ буда метавонад. Агар ба аҳдову вазифаҳои ин анҷуман, ки дар баёнияи он оварда шудаанд, назар афканем, мушоҳида мегардад, ки гӯё дар Тоҷикистон ҳамон давраи ғуломдории қадим ҳукмрон асту онҳо дар пайи ислоҳи он бошанд. Масалан, дар яке аз ҳадафҳои худ онҳо бе ягон асоси илмӣ ва воқеӣ иброз медоранд, ки:

— муаррифии чеҳраи тоҷик, бо фарҳанг ва торихи ғании он ба ҷаҳониён;
— эҷоди фарҳанги арзишмеҳвар ва таҳаммулгаро ва ҷилавгирӣ аз ривоҷи тафаккуроти ифротгароёнаи динӣ ва дунявӣ;

Қазоват кунед, оё дар Тоҷикистон чунин корҳо ба анҷом намерасанд? Гӯё, ки миллати тоҷик ва Тоҷикистон бо фарҳанг ва таърихи худ ба ҷаҳон ошно несту ин корро маҳз ҳамин анҷуман ба миён овард. Ё худ, дар Тоҷикистон фарҳанги арзишмеҳвар ва таҳаммулгаро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мавҷуд несту маҳз онҳо ин масъаларо бояд ҳаллу баррасӣ намоянд. Дар ҳоле бехабар аз онанд, ки маҳз худи онҳо боиси эҷоди тафаккури ифротгароӣ ва иғвоангезӣ гардида истодаанд.

Мо аҳли устодони кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ мақсаду маром, аҳдофу вазифа ва таъсиси ин анҷуманро ғайриилмӣ ва хилофи арзишҳои миллии давлати худ медонем. Дар баёния ва оинномаи онҳо масъалаҳои хислати баҳсбарангез ва иғвоангез дошта баррасӣ гардида, ба ягон талабот ва меъёрҳои илмиву ҷамъиятӣ, махсусан, дар Тоҷикистон ҷавобгӯ нест. Аз ин рӯ, мо ҷомеа, давлат, Ватан ва миллати худро бо тамоми қонунҳои амалкунанда ва принсипҳои ҳуқуқии дар ин қонунҳо мавҷудбудааш эҳтиром мегузорем ва тарафдор ҳастем.

Таъсиси «Анҷумани озодандешони тоҷик» дар Аврупоро маҳкум менамоем ва амалкарди онҳоро ғайри қобили қабул ва баёнияи онро ғайриилмиву беасос медонем.

Аҳли устодони кафедраи
ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *