ИҒВОАНГЕЗИИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

Мо тариқи васоити ахбори омма мушоҳида мекунем, ки дар ҷамъиятҳои осоишта душманони миллати тоҷик, ба мисоли роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳад фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намояд. Кабирӣ имрўзҳо тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба халқи азизи мо таҳдиду иғвогарӣ мекунанд, сиёсатӣ пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқом қарор медиҳад. Кабирӣ бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки чун саги дайду дунболи фурсатҳои мусоиду анҷоми амру фармонҳои хоҷагонаш қарор дорад. Бо иваз намудани номи ТТЭ ҲНИ ба “Пайравони милли…” (калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ кардан зарурият нест ) бо найрангу фиреби навбатиашон кўшиш дорад, ки чун солҳои 90-уми асри гузашта бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори ҳориҷӣ муҳоҷирони тоҷикистонӣ, бахусус ҷавононро ҷалб созад. Мақсади муғризонаи Кабирӣ дар саҳнаи сиёсӣ, ба ҳар як фарди Тоҷикистони аён аст, то ки ин нақшаи шикастхурдаи худро бори дигар ба сомон расонад.
Бояд хотирррасон кард, ки мардуми Тоҷикистон бо роҳнамоии Сарвари кишвар бо чи заҳмату талошҳо пояҳои давлатсозиро бунёд намуда, дар роҳи тадбиқи мақсадҳои наҷибонаи худ қадамҳои устувор мегузоранд ва зиндагии осудаву обод доранд, ки ин албатта душманони бурунмарзии Тоҷикистон маъқул намешавад. Умуман душманони миллат хадамотҳои махсус ва хоҷагони хориҷӣ ёрии беминнати худро расонида, кушиш бар онанд, ки Кабириро тариқи созмонҳои хориҷӣ «мусичаи бегуноҳ” нишон диҳанд. Аммо бе ҳеҷ ваҷҳ сурат ва симои аслии Кабирӣ, ки ба сари мардуми тоҷик вабои асрро фуру рехт, амалиёти якҷояи ваҳобиёни солҳои 90- ум буд, ки нақшаи бо роҳи табаддулоти ҳарбӣ мехостанд ҳокимияти сиёсиро ба даст гиранд. Ҳамаи ин барои мардуми ҷафодидаи тоҷик сабақи таърих монд ва дар оянда низ мемонад.
Дар интиҳои андешаи худ қайд менамоем, ки имрӯз тафаккури миллати боору номуси тоҷик тафаккури созандагӣ буда, зидди роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ буд, ҳаст ва мемонад. Воқеан имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткори Аврупоӣ – Кабирӣ муборизаи беамон бурда истодаанд ва дар оянда низ ҳоҳанд бурд.

ФАЙЗИЕВА С.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *