ҲАДАФИ ИҒВОАНГЕЗОНАИ МУҲМАДИҚБОЛИ САДРИДДИН МАЪЛУМ АСТ!

Имрӯзҳо яке аз пайравони  ТТЭ ҲНИ-Паймони миллӣ Муҳаммалиқболи Садриддин дар яке аз кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ сукунат дошта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо навбат бо ҳаммаслаконаш дар барномаҳои “Пайванд”, “Минбари муҳоҷир” ва дигар мибарҳои ифротӣ, барои роҳандозӣ кардани ҳамаи нақшахои палидонаи худ дини мубини Исломро барои худ сипар нишон дода, ғояҳои ифротӣ паҳн намуда истодааст.

Умуман М.Садриддин ва бештари наҳзатиёни фирорӣ ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаанду, аз бешарафиву бадсириштӣ бар миллати худ хиёнат мекунанд ва ба ғайр аз ин амал дигар коре надоранд.Чунин ашхоси ботинан виҷдону имон ба шайтон фурӯхтаанду бешармӣ, беҳаёӣ,  ҳамҷинсгароӣ, палидӣ, манфурӣ, муғризӣ ва дигар сифатҳои аҳриманиро соҳиб шудаанд.Боз шарм надошта аз минбарҳо беасос садо баланд мекунад.

Мо андешаи хешро нисбати Муҳамадиқбол ,ки дар моҳи сентябри соли равон тариқи барномаи ифротиаш баромад намуда буд, ибрози андеша менамоем. E  зимни суханрониаш доир ба масоили  интихоботи Президент ва вакили намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои беасосу ақидаҳои нодурустро иброз намуд, ки ин ба ягон қолаб рост намеояд!  Баробари ин дар  рафти суханрониаш худро  “сиёсатмадор”вонамуд карда,  оид ба вазъи кунунии Ҷумҳурии исломии  Афғонистон  сухан кард. Ҳамзамон Толибонро бародари худ шуморида бо таври худ хулосабарорӣ намуд. Бояд қайд кард, ки ҳар кас фикру ақидаи шахсии худро дорад, на дар минбарҳои сатҳи байналмилалӣ бо забони давлати аз номи кишвар сухан гӯяд. Алалхусус хоинони милат-  Муҳаммадиқболи бешараф ҳуқуқи сухан гуфтанро надорад! Хотиррасон менамоем, ки нисбати масъалаи сиёсат танҳо намояндаи ваколатдори давлат аз номи миллату давлат бояд сухан гӯяд, на хиёнаткор !

Хулоса ҳадафи иғвоангезонаи Муҳмадиқболи Садриддин ба ҳамагон маълум аст, ки он асосан байни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст.  Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури  Муҳаммадиқболи суханбози мунофиқ барои дур нигоҳ доштани аҳлу аёли хеш, бахусус ҷавононро  аз ин мунофиқон кӯшиш ба харҷ дода, барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Баробари ин  баромадҳои ифротии Муҳамадиқболи Садриддинро инкор ва шадидан маҳкум намуда, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меорем, ки барои решакан намудани ғояҳои ифротгароии хоинони миллат муборизаи беамон бояд бурд !

                                 А.АНВАРӢ,

ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *